Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати қазоқӣ як ширкати давлатии Тоҷикистонро харид


Ширкати Казинвест-Минерали Қазоқистон ширкати давлатии собиқи Тоҷикистон мавсум ба Адрасмонро харидорӣ кардааст. Гузориш шудааст, ки ширкати қазоқӣ дар изои ин корхонаи фароварӣ (коркард)-и санги маъдан ба Тоҷикистон 3.3 милюн дуллор пардохтааст.


Вайсиддин Тиллоев, аз мақомоти кумитаи дороиҳои давлатии Тоҷикистон мегӯяд, ки қарор аст ширкати Казинвест-Минерал дар корхонаи Адрасмон ба маблағи 12 милюн дуллор сармоягузорӣ кунад.


Қазоқистон, ки аз захоири ғании нафту гоз бархурдор аст, дар ширкатҳое дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Шӯравии пешин сармоягузорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG