Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯҳнавардон барои фатҳи қуллаҳои Помир омадаанд


Дастаҳои кӯҳнавардони Ҷумҳурии Чек, Олмон ва Русия барои ширкат дар экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ ба Тоҷикистон омадаанд.

Раъно Собирова, корманди масъули Маркази байналмилалии кӯҳнавардии «Алп-Машков» ба Радиои Озодӣ гуфт, интизор меравад дар экспедитсияи имсола, ки рӯзи 23 июл оғоз хоҳад шуд, ҳудуди 150 кӯҳнавард аз 15 кишвари ҷаҳон ширкат кунанд. Вай афзуд:

«Ширкаткунандагони экспедитсия тавассути чархбол аз Душанбе ба урдугоҳи аслӣ - майдони Москвина, ки дар иртифоъи 4600 метр болотар аз сатҳи об воқеъ аст, парвоз мекунанд ва пас аз хӯ гирифтан ба шароити обу ҳавои Помир ба фатҳи қуллаҳо хоҳанд пардохт. Кӯҳнавардон баландтарин қуллаҳои Помир - қуллаи Исмоили Сомонӣ (7495 метр) ва қуллаи Евгения Корженевскаяро (7105 метр) фатҳ хоҳанд кард. Бино ба барномаи сафар, кори экспедитсияи байналмилалӣ як моҳ, то 30 август идома хоҳад дошт. »

Ба гуфтаи хонум Собирова, дар фатҳи баландтарин қуллаҳои Помир кӯҳнавардони Тоҷикистон низ ширкат меварзанд. Ба ҳайъати дастаи мизбонон варзишгарони пуртаҷриба Шамсиддин Қаҳҳоров, Владимир Етерсков ва Виктория Ким шомиланд.
XS
SM
MD
LG