Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи сарсомовари манзил дар Тоҷикистон


Дар шаҳри Душанбе маросими муъаррифии барномаи сохтмонии «Манзил Пойтахт-80» баргузор шуд. Мубтакир ва иҷрокунандаи ин тарҳ «Жилкоминвест» як ниҳоди вижаи сохтмонсозии ҳукумати шаҳри Маскав эълом доштааст, ки қасд дорад дар пойтахти Тоҷикистон сохтмонҳои маскунии чандтабақаи мудерн бисозад.

Дар шаҳри Душанбе сохтмони чунин манзилҳо аллакай оғоз шудааст ва гуфта мешавад, то поёни соли 2006 дар чорчӯби барномаи мазкур нахустин бинои чандтабақаи мудерн ба истифода дода хоҳад шуд. Вале огаҳии фурӯши чунин манзилҳо, он гуна ки ба назар мерасад, аз муддатҳо пеш дар садову симои миллии Тоҷикистон ва матбуъоти даврии ин кишвар роҳ ёфтааст.

Таваҷҷуҳи сокинони шаҳри Душанбе, шаҳре, ки дар он ҳамакнун 15 сол боз сохтмонсозии густарда ба назар намерасад, табиъист, ки ба эҳдоси биноҳои нави маскунӣ зиёд аст.Тибқи огаҳии ширкати «Жилкоминвест» қимати ҳар метри муррабаъ аз манзилҳое, ки ин ширкат дар Тоҷикистон месозад, ҳудуди ҳазор доллари омрикоиро ташкил медиҳад. Қимате, ки гуфта мешавад дар саросари Осиёи Миёна беназир аст. Аммо то куҷо як сокини шаҳри Душанбе ва дар маҷмӯъ як шаҳрванди одии Тоҷикистон ин имконро дорад, ки дар биноҳои сохтаи, ба истилоҳ, мудерни ширкати манзилсози «Жилкоминвест» соҳиби манзил шавад?

Исмоил Раҳматов - таҳлилгари масоили иҷтимоъӣ муътақид аст, ки дар масъалаи бунёди биноҳои маскунӣ бояд ҳукумати Тоҷикистон авлавияти бештарро на ба ширкатҳои хусусӣ, балки ба ширкатҳои давлатӣ бидиҳад. Ба назари таҳлилгари мазкур, дар бештари маврид кайфияти биноҳое, ки тавассути ширкатҳои хусусӣ сохта мешавад, ҷавобгӯи талабот нест.

Ва аммо чаро дар шаҳри Душанбе қимати манзил ба ҳадди бесобиқа афзоиш ёфтаву меёбад?

Рустам Маъмуров - масъули бахши қонунгузории кумитаи сохтмон ва меъмории шаҳри Душанбе далели афзоиши қимати манзил дар Тоҷикистонро ба чанд омили, аз нигоҳи ӯ, табиъӣ марбут медонад:

«Пеш аз ҳама мавқеъияти номуносиби ҷуғрофиёӣ ва як кишвари сарбаста будани Тоҷикистон табъан дар афзоиши қимати манзил бетаъсир нест, аз сӯи дигар интиқоли ҳар гуна масолеҳ ва маводди сохтмонӣ умдатан аз хориҷ ба кишвар мусалламан рӯи қимати манзилсозӣ низ таъсири номатлуб мегузорад. Ва ба назари ман, дар минтақаи хатарноки зилзилахез қарор доштани Тоҷикистон омили дигарест, ки боиси боло рафтани қимати манзил дар ин кишвар шудааст. Зеро маъмулан қимати бунёди манзил дар кишварҳое, ки аз лиҳози вуқӯъи зилзила хавфноканд , нисбат ба соир кишварҳо 3 - 4 баробар зиёдтар аст.»

Аммо Абуғаффори Камол - рӯзноманигори тоҷик чунин тавзеҳотро ғайри қобили қабул медонад. Оқои Камол мегӯяд, кишварҳои дигари минтақа низ дар бистари номуносиб ва зизилахези ҷуғрофиёӣ қарор доранд, аммо сарфи назар аз ин, барои мисол, дар Узбакистон ва Қазоқистон суръати бунёди манзил тундтар ва қимати он дар муқоиса бо Тоҷикистон ба маротиб поинтар аст.

Ба гуфтаи Абдуғаффори Камол, аз чанд ҷиҳат ислоҳи вазъ вобаста ба он аст, ки дар ин росто ҳукумати Тоҷикистон чи амалкарде аз худ нишон медиҳад.

Масъалаи афзоиши қимати манзил дар Тоҷикистон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки тайи 8 соли ахир мизони бунёди манзил нисбат ба сатҳи рушди ҷамъият дар ин кишвар коҳиш ёфтааст. Бино ба омори расмӣ, дар хилоли солҳои 1998 -2005 афзоиши нуфус дар ин кишвар ба 17 дарсад расидааст, дар ҳоле ки мизони бунёди манзил дар ҳамин давра ҳамагӣ ба 8,5 дарсад баробар будааст.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон умдатан ба сохтмони манзил танҳо ду ширкати сохтмонсозии хориҷӣ, яке аз Русия ва дуввумӣ аз Туркия, машғул аст. Як ширкати иронӣ ҳам ахиран аз омодагии худ барои шурӯъи фаъъолият дар Тоҷикистон хабар додааст.
XS
SM
MD
LG