Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе хостори тазъифи мавҷҳои телевизюнии Тошканд шуд


MK

Давлати Тоҷикистон аз Узбакистон хостааст, ки бино ба мавозини байнулмилалӣ фишори пахши мавҷҳои фиристандаи худро дар манотиқи марзӣ бо ин кишвар коҳиш диҳад. Бо фурӯпошии Шӯравӣ ва аз ҳам гусехтани низоми воҳиди пахши мавҷҳои родюӣ ва телевизюнӣ дар Осиёи Миёна, ин мавҷҳо мояи баҳсҳои печидае миёни Тоҷикистону Узбакистон шудааст.


Ҷаъфар Рустамов, раиси дастгоҳи ширкати давлатии Тоҷиктелеком, мегӯяд, ки бо таваҷҷуҳ ба таъаллуқи ҳар ду кишвар ба фазои иттилоъотии воҳид дар гузашта, мавҷҳои он фиристандаҳо қавӣ буд. Аммо акнун, ба гуфтаи вай, Тоҷикистон дар ҳоли харидории таҷҳизоти зарурист ва бо Узбакистон гуфтушунуди тунде анҷом медиҳад.


Оқои Ҷаъфаров мегӯяд, ки ҳар ду кишвар бояд дар заминаи пахши мавҷҳо қавонини байнулмилалиро риъоят кунанд. Аммо оқои Шукруллоҳ, масъули дафтари матбуъотии сафорати Узбакистон дар Душанбе гуфт, ки дар мавриди фишори баланди мавҷҳои Узбакистон дар манотиқи марзӣ бо Тоҷикистон ҳич дархости расмӣ аз мақомоти тоҷик дарёфт нашудааст. Вай ҳозир нашуд бештар аз ин масъаларо тавзеҳ диҳад.


Гуфта мешавад, ки дар бархе аз ноҳияҳои марзии Тоҷикистон, ба монанди Масчоҳ, ҳафт шабакаи телевизюнии Узбакистон қобили дарёфт аст. Ҳасан Гулов, намояндаи шуъбаи равобити иҷтимоъӣ ва фарҳангии ҳукумати ноҳияи Масчоҳ мегӯяд, ки мавҷҳои заъиф ва барномаҳои беранги шабакаҳои марказӣ ва маҳаллии Тоҷикистон халаъеро ба вуҷуд овардаанд, ки таъсири телевизюнҳои Узбакистон амиқан эҳсос мешавад.


Шуморе аз коршиносон баъид медонанд, ки Узбакистон ин тақозоро ба содагӣ бипазирад. Онҳо роҳи ҳалли беҳтарро дар тақвияти мавҷҳои телевизюнии Тоҷикистон, пӯшиш додани манотиқи марзии кишвар ва беҳбуди кайфияти барномаҳои телевизюнии Тоҷикистон мебинанд.
XS
SM
MD
LG