Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё фарҳангу мазҳаб якест?


Мақсуд: Посух ба ин пурсиш бисёр душвор аст. Чунки ҳар кишваре дорои вижагиҳои фарҳангии худ аст, аммо мусалламан, ҳамаи мардуми он кишвар мисли ҳам нестанд, балки аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Вале вижагиҳои мушаххасе дар ҳар кишваре ҳаст, ки барҷастатар аз дигар хусусиятҳои фарҳанги онҷост. Ҷудо кардани бовар аз фарҳанг бисёр мушкил аст ва ин корро метавон танҳо аз роҳи муроҷеъа ба китобҳои роҳнамо анҷом дод. Масалан, дар ислом Қуръон ва Ҳадиси паёмбар китобҳои роҳнамои мо ҳастанд. Агар касе як вижагии фарҳангиро исломӣ арзёбӣ мекунад, беҳтарин роҳи ташхиси он муроҷеъа ба ҳамин китобҳост. Ва агар он нукта дар Қуръон ҳадис пайдо намешавад, пас метавон дарёфт, ки он кас фарҳангро бо мазҳаб ивазӣ гирифтааст.

Пурсиш: Барои ин ки пурсишро барои шумо равшантар матраҳ кунам, рӯ меорам ба зиндагиномаи шумо, ки дар сомонаи интернетиатон пайдо кардам. Шумо то соли 1986 масеҳӣ будед ва ман мутмаиннам, ки то соли 1986 шумо ҷашнҳои масеҳӣ аз қабили Крисмас ё Милоди Масеҳро ҷашн мегирифтед. Ҳоло ки шумо дигар масеҳӣ нестед, оё ҳанӯз ҳам Милоди Масеҳро ҷашн мегиред ё аслан ба ин ҷашн арҷ мегузоред?

Мақсуд: Ман ба ин ҷашн эҳтиром дорам, чунки ҳамаи аъзои хонаводаи ман масеҳианд. Ва аз ин рӯ ҳар сол ман дар айёми Милоди Масеҳ ба аёдати падару модарам меравам ва дар шодии онҳо шарик мешавам. Аммо ба унвони як мусалмон ман дигар бовар надорам, ки Исои Масеҳ писари Худованд буда, балки муътақидам, ки ӯ паёмбари Худованд буда. Аз ин рӯ ман наметавонам дар канори онҳо овоз бихонам ва Исои Масеҳро ба унвони писари Парвардигор такриму таъзим кунам. Ба назари ман, таҷлил аз таваллуди як паёмбар кори баде нест, ҳарчанд ман муътақидам, ки Исои Масеҳ рӯзи 25 декабр ба дунё омада буд. Ин ҷашн ҳич ишколе надорад, то он ҷо ки як мусалмонро ба таври нохудогоҳ ба парастиши Исои Масеҳ водорад, ки кори дурусте нест.

Пурсиш: Дигар чи чизҳое дар фарҳанги шумо тағйир кард?

Мақсуд: Бахши аъзами фарҳанг ва фаъъолиятҳои иҷтимоъӣ дар Ғарб давру бари машруботи алкулӣ, майкадаҳо ва шабнишиниҳо мегардад. Мусалламан, баъд аз он ки ман ба ислом гаравидам, машруботи алкулиро тарк кардам ва аз бархе аз ғизоҳое, ки қаблан мехурдам, парҳез кардам. Ман тақрибан ҳамаи либосҳои қаблиамро дур рехтам ва бо таваҷҷуҳ ба мазҳаби тозаам либосҳои тоза харидам.

Пурсиш: Ва дигар дарахти коҷи Крисмас ё ҷашни Милоди Масеҳро ҳам ороиш намедиҳед?

Мақсуд: Агар хонаводаам меҳмони ман шаванд, ман дарахти коҷро ороиш медиҳам, фақат ба хотири онҳо. Ман набераҳое дорам, ки масеҳианд ва ман мухолифи дарахти коҷ нестам. Чун коҷ ҳич рабте ба Исои Масеҳ надорад. Ман мусалмонҳоеро ҳам мешиносам, ки ороиши дарахти коҷро як мушкил арзёбӣ мекунанд ё ба калисо намераванд ва бо пайравони дигар мазоҳиб рафтуомад намекунанд. Ман фикр мекунам, ки роҳу равиши онҳо иштибоҳ аст. Паёмбари ислом ҳам бо яҳудиҳову масеҳиҳо рафтуомад дошт, аз онҳо ҳадоёе дарёфт мекард ва бо онҳо хушрафтор буд. Танҳо асле, ки бояд риъоят шавад, адами парастиши Исои Масеҳ аз сӯи як мусалмон аст. Яъне мусалмонҳо набояд аз ҷашни Крисмас ба унвони рӯзи мавлуди писари Худованд таҷлил кунанд. Ҳамин.

Ва аммо назари Акбари Турсон, донишманди тоҷики муқими Омрико, дар ин бора ба шарҳи зер аст:

"Фарҳанг ва динро наметавон ба унвони ду мабдаъи аз ҳам ҷудо тасаввур кард. Ҳамон тавре ки ман аз торих медонам, дину фарҳанг аз оғози зуҳурашон бад-ин сӯ ба ҳам тавъам будаанд. Агар ба ин масъала аз дидгоҳи фалсафӣ бингаред, он гоҳ бармало мебинем, ки дину фарҳанг дар ҷараёни таъсири мутақобил будаанд. Мазҳаб сандуқи маънавиёти олами сифлию улвист. Ва дар ин росто дин аз фарҳанг ҳам баҳра бардоштааст. Чунончи, ҳамоно барфанги Ирони Бостон буд, ки аз замини барӯманди он зумраи бонуфузтарин уламои мусалмон бархостанд ва аркони дини исломро қудрати беҳамтои рӯҳонӣ бахшиданд".

Аммо Ҷойс Дейвис дар шаҳри Прог, ки дар заминаи ислом пажӯҳишҳое анҷом додааст, дар ин бора назаре дигар дорад:

Дейвис: Ман фикр мекунам, ки фарҳанг ба таври рӯшану возеҳ ҷудо аз мазҳаб аст. Дар воқеъ, ин масъала аз мушкилоти афродест, ки мазҳаби худро, он чи ислом бошаду чи масеҳият ё яҳудият ба хубӣ намедонанд. Ин даста аз афрод одатҳо ва ойинҳои фарҳангии худро маъмулан бо омӯзаҳои мазҳабии худ дармеомезанд.

Пурсиш: Дар ин сурат, чи гуна метавон фарҳангро аз мазҳаб тафкик кард ва миёни онҳо тафовут гузошт? Ба вижа дар мавриди ислом, ки мазҳаби мардумони мухталифест бо фарҳангҳои мухталиф.

Дейвис: Калиди ҳалли ин муъодила манобеъи мувассақ аст. Бояд дид, ки Қуръон чи мегӯяд, яъне бояд Қуръонро мутолеъа кард, сипас ба Ҳадис муроҷеъа кард ва ба намунаҳое аз суннатҳои бозмонда аз Паёмбар. Ва ман фикр мекунам, ки агар ин сарчашмаҳоро бибинед ва онҳоро бо фарҳанги роиҷи ҷомеъа муқоиса кунед, шумо қодир ба таъйини тафовутҳои миёни фарҳанг ва дин хоҳед буд.

Пурсиш: Ҷойс, оё ба назари шумо ислом ба фарҳангҳои қавмӣ эҳтиром мегузорад? Барои намуна, аксарияти мардуми Тоҷикистон худашонро мусалмон медонанд, вале онҳо дорои ойинҳо ва одатҳои фарҳангии қавмӣ ҳам ҳастанд. Ҷашни Наврӯз умдатарини онҳост, ки бино ба бовари кулл, реша дар кеши маздаяснӣ ё кешҳои пешазисломии гузаштагони тоҷикҳо дорад. Масалан, Ҷумҳурии Исломии Ирон дар оғози пайдоишаш дар соли 1979 дар қиболи Ҷашни Наврӯз мавзеъи аҷибу ғарибе дошт. Ҳатто бархе аз афрод пешниҳод мекарданд, ки ном ё торихи баргузории Наврӯзро тағйир бидиҳанд, то таҷлил аз он барои онҳо роҳаттару муносибтар бошад. Ба назари шумо, оё мусалмонҳо бояд ҷашнҳои ғайриисломие аз қабили Наврӯзро қабул дошта бошанд ё бояд онҳоро канор бигзоранд?

Дейвис: Пеш аз ҳама иҷоза бидиҳед бигӯям, ки ман дидгоҳи шахсии худамро надорам. Коре, ки ман кардаам ин аст, ки бо шуморе аз донишварони барҷастаи ислом дар саросари ҷаҳон суҳбат кардаам. Ва миёни онҳо дар бораи ҷашни Наврӯз дидгоҳҳои мутафовите вуҷуд дорад. Вале роҳнамуде, ки бархе аз бузургтарин донишпажӯҳони ислом додаанд, чунин аст: Агар ин ҷашн мамнӯъ нест ё дар он унсурҳое вуҷуд надорад, ки онро ба ҷашне ғайриисломӣ табдил кунад, таҷлил аз он равост. Масалан, агар майгусорӣ бахше аз ойинҳои наврӯзӣ бошад ва агар фарҳанги шумо майгусорӣ дар Наврӯзро ташвиқ мекунад, дар он сурат Наврӯз муғоир бо омӯзаҳои ислом аст. Зеро медонем, ки шароб дар ислом ҳаром аст. Ин танҳо як намуна буд. Бад-ин гуна метавон мавридҳои дигареро ҳам аз динҳо ва фарҳангҳои мухталиф гирифту муқоиса кард ва мизони муносибати онҳоро ташхис дод. Ман фикр мекунам, ки ислом танаввуъи фарҳангиро раво медонад, вале он даста аз унсурҳои фарҳангиро қабул надорад, ки мардумро пароканда ва шоха-шоха кунад.

Пурсиш: Шумо аз шароб суҳбат кардед, ки албатта, вуҷуди он дар ҷашни Наврӯз илзомӣ ё ҳатмӣ нест. Аммо дар Тоҷикистон афроди зиёдеро метавон дид, ки барои майгусорӣ мунтазири Наврӯз намемонанд, балки ҳар гоҳ ки ҳавсалаи ин корро ёфтанд, қадаҳҳои шаробро бо нидои "бисмиллоҳ" дар мекашанд, яъне дар айни ин ки худро мусалмон медонанд, аз шароб ҳам бадашон намеояд. Мусалламан, султаи деринаи шӯравӣ боъиси тағйиру таҳаввулҳое дар фарҳанги ҷомеъа шуда. Оё ба назари шумо, барои як ҷомеъаи умдатан мусалмон ин як мушкил аст?

Дейвис: Бояд бигӯям, ки бисёре аз донишмандони исломӣ раво дидани майгусорӣ барои як мусалмонро номумкин медонанд. Бештари донишвароне, ки мусоҳибашон шудаам, ба таври рӯшан майгусорӣ ва ба вижа шаробхории беш аз ҳад ва муфратро маҳкум мекунанд. Зеро ислом онро ҳаром медонад. Мо медонем, ки кумунисм аслан ҳич мазҳаберо қабул надошт ва ба вуҷуди Худованд имон надошт. Дар ҳоле ки ислом як дин аст ва ба вуҷуди Худованди якто имон дорад. Пас талфиқе миёни ин ду наметавонад вуҷуд дошта бошад.
XS
SM
MD
LG