Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар маҳбасҳо шумораи ҷавонон бештар мешавад


Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Ҳумдин Шарипов мегӯяд, ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонон, ки барои ҷомеа хатар эҷод мекунад ва зиндагии ҷавонони осебпазирро баҳам мезанад, дар Тоҷикистон 17 дар сад афзудааст. Вай доир ба омилҳои афзоиши ҷинояткорӣ дар миёни наврасону ҷавонон мегӯяд:

"Беназорат мондани кӯдакон, тарбияи нодуруст, ба мактаб ҷалб накардан, вақте ки кӯдак бесоҳиб монд, ӯ ба ҳама чиз қодир аст, ӯро ҳар кас истифода мебарад. Дар ҷиноятҳо ҳам истифода мебаранд."

Ба гуфтаи додситонии кулли Тоҷикистон, танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ бо иштироки 236 навҷавон, аз ҷумла 18 духтар, тақрибан 380 ҷиноят содир шудааст. Намояндаи додситонӣ оғои Давлатов сафҳаи ҷиноятҳои ҷавонони тоҷикро варақ мезанад:

"Ҳафтод фоизи ҷиноятҳое, ки ноболиғон содир мекунанд, ин дуздии амвол аст."

Дигар аз падидаи хатарноке, ки мақомот аз он изҳори нигаронӣ карданд, пайвастани ҷавонон ба сафи ҳизбҳои тундгаро будааст. Ҳумдин Шарипов - вазири корҳои дохилаи кишвар мегӯяд, гурӯҳҳои тундгаро ғолибан аз нерӯи ҷавонон ва ноболиғон барои тарғиби афкори худ дар миёни ҷомеа истифода мебаранд:

«Беҳуда онҳо аъзои Ҳизб-Ут-Таҳрир намешаванд. Ба онҳо маблағ пардохт мекунанд. Маблағҳои зиёд.»

Дар ҳамин ҳол Далер Мирзоев, як ҷавони тоҷик сабабҳои ба гурӯҳҳои тундгаро пайвастани ҳамсолонашро чунин арзёбӣ кард:
"Масалан дар байни ҷавонон бархеш шояд иттилоъи кофӣ надоранд, дуввум ин ки ин аз рӯи бекорӣ аст. Масалан як ҳизб 100 доллар барои як ҷавон пешниҳод кунад, вай мегӯяд, ки ин аз бекорӣ дида бисёр хубтар аст. Ин аслаш аз рӯи иттилоъ надоштани ҷавонони тоҷики мост ва аз рӯи бекорӣ."

Ба гуфтаи мақомот, шояд наврасони тоҷикро ҳатто гуруҳҳое барои анҷоми амалҳои харобкорона ба мисли таркишҳо истифода мебаранд. Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Ҳумдин Шарипов гуфт, дар таркишҳои хурде, ки дар пойтахт ахиран ба вуқуъ пайвастанд, кӯдакон даст доштаанд:

«Агар шумо рӯзҳои пеш аз соли навро дар ёд дошта бошед, кӯдакон дар зарфҳои пластикӣ борутро андохта метаркониданд. Мо муайян кардем, ки қариб 21 тифл осеб диданд ва ҳатто баъзеҳо аз чашмонашон маҳрум гаштанд. Ин таҷрибаро наврасони мо доранд ва аз ин хотир ба таври худ бозӣ мекунанд. Мо ҳаминро гуфта метавонем, ки шояд ягон нафар дар паси онҳо бошад, зеро дар як рӯз баъд аз ҳар дақиқа чанд таркиш карданд. Шояд ягон хел робитаҳо вуҷуд дошта бошанд.»

Ба гуфтаи иддае аз коршиносон, бекорӣ, набуди тафреҳгоҳҳо, ҳамчунон камбизоат боқӣ мондани ҷавонон, аз омилҳои аслии афзудани ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонони ин кишвар шудааст. Ин омилҳо ва ҳамчунин рӯҳафтодагӣ ва афсурдагии ҷавонон, онҳоро на танҳо ба ҷиноят балки ба худкушӣ низ ҳидоят кардааст. Ба гуфтаи Абдусамӣ Дадабоев - муовини додситони кулли Тоҷикистон, тайи ним сол 30 ҳодисаи ба худкушӣ даст задании навҷавонон ба қайд гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG