Пайвандҳои дастрасӣ

Қаҳрамонҳои таэквондои Тоҷикистон


Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи таэквон-до (WTF) бо ширкати варзишгарони Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ ва шаҳру навоҳии тобеъи марказ дар толори бозиҳои дастии пойтахти ҷумҳурӣ таи ду рӯз идома кард. Дар рақобатҳои инфиродӣ мувофиқи вазни худ байни занон Кристина Коробко, Катерина Трубитсина, Таҳмина Хоҷаева ва Парвина Исомова (ҳарчор аз Душанбе) ва Гулчеҳра Раҳимова (аз шаҳри Ваҳдат) бо медалҳои тилло сарфароз шуданд. Дар сабқати мардон варзишгарони Душанбе Умед Саъдуллоев, Насҳуддин Ворисов, Хусрав Ғиёсов ва Исломиддин Фозилов, Раҳмоналӣ Абдураззоқов (аз ноҳияи Шаҳринав) ва Диловар Зайниддинов (узви дастаи шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ) унвони қаҳрамониро соҳиб гаштанд.


Дар ҳисоби даставӣ тимҳои занонаю мардонаи шаҳри Душанбе мақоми аввалро ишғол карданд. Дар сабқати занон дастаи шаҳри Ваҳдат ҷойи дуввум ва тими мунтахаби шаҳру навоҳии тобеи марказ ҷойи севвумро соҳиб шуданд. Дар сабқати мардон тими шаҳру навоҳии тобеи марказ дар ҷойи дуввум ва дастаи вилояти худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ дар ҷойи севвум қарор гирифтанд.


Ба гуфтаи Исматуллоҳ Хоҷаев, сармураббии тими миллии таэквон-дои Тоҷикистон дар ин мусобиқа аъзои дастаи мунтахаби мамлакат интихоб шуд, ки моҳи декабри соли равон шарафи кишварро дар понздаҳумин давраи Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар ҳимоя хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG