Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

17 соли Қонуни забон. Чаро иҷро нашуд?


Вазъи забони тоҷикӣ ва раванди татбиқи Қонуни забони давлатии Тоҷикистон зимни як нишасти донишмандон, масъулини давлатӣ ва мудирони расонаҳои хабарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Донишмандони тоҷик дар ҳоле, ки масъулини идораҳо аз иҷроӣ шудани ин қонун ба навъе гузориш медоданд ва тавсиф мекарданд, талошҳои ҳукуматро дар ин самт нокифоя хонданд ва аз тоҷикии форсӣ ба унвони як забони бидуни пуштибон дар Тоҷикистон ёдовар шуданд. Дорои Дӯст донишманди тоҷик гуфт: «Агар аз решаҳояш бинем, ки ғалат аз куҷо меояд, дар мӯҳри дафтари Раёсати ҷумҳурамон ду ғалат аст. Вақте, ки дар мӯҳри Раёсати ҷумҳурӣ ду ғалат аст, дар мавриди кадом савод мо гап мезанем. Баъди се ҳазор сол аз кўҳи Бесутун матнҳоро ёфтанд ва хонданд, ғалат нест, вале мо дар мӯҳрамон ғалат дорем. Қарорҳое, ки имрӯзҳо нашр мешавад, қонунҳое, ки нашр мешавад садҳо таркиби ғалат дорад. Охирин амре, ки дар мавриди ба Шириншо ва Нусратулло додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистон буд, таваҷҷуҳ кунед: «барои фаъолияти бунёдкоронаи давлатдорӣ ва хидматҳои бузург дар поягузории истиқлолияти Тоҷикистон». Ин таркибҳо аз нигоҳи мантиқ ғалат аст. Аввал давлатро поягузорӣ мекунанд ва баъд давлатдорӣ мекунанд.»
Дар ҳамин ҳол Исомиддин Салоҳиддинов Мушовири раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба дунболи ин гуна интиқодот гуфт дар воқеъ вазъи забони давлатӣ нигаронкунанда аст. Ӯ гуфт ба роҳ андохтани як ҳаракати иҷтимоӣ ба манзури ҳимоят аз забони давлатӣ амри зарурист: «Дар худи Тоҷикистон ба сабаби нодонии мо, бемасъ улиятии мо ба забони тоҷикӣ фишор оварда мешавад ва ин маънои онро дорад, ки ба истиқлоли мо фишор оварда мешавад. Чаро реклама ба забони тоҷикӣ тарҷума намешавад? Барои он ки тавассути реклама мардум ба фановарӣ, шароити бозор ва навгониҳо ва пешарафт ошно мешавад ва ин кор амдан сурат мегирад. Як ҳаракате баҳри дифои забони давлатӣ бояд таъсис ёбад, шояд мисли Анҷумани муҳофизони забони давлатӣ.»
Ширкаткунандагони ин нишаст ҳамчунин ба нақши радио ва телевизион дар амри густариши забон дар шароити пешрафти фановарӣ таъкид карданд ва бо лаҳни шадид аз забони шабакаҳои телевизонӣ интиқод намуданд. Абдулло Файзуллоев як узви Комисюни татбиқи Қонуни забони Тоҷикистон аз ҷумла гуфт: «Ташаккур аз ТВТ, ки бозиҳои футболро барои мардум намоиш дод. Аммо ниёз ба тарҷумаи бисёр пурғалат набуд. Шореҳи футбол мегўяд, ки «тўб маҷрои худро дигар кард» ё ҷои дигар мегуфт, ки «тўб ба майдони ҷазо омад. Ман аз ин ҳама чизе нафаҳмидам".
Дар ҳамин ҳол Акбари Саттор раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон гуфт барои он ки масъулин Қонуни забонро риоят кунанд роҳе дигар ҷуз водорсозии онҳо тавассути пешбинии муҷозот вуҷуд надорад: «Агарки қонун бошад, барои қонунро вайрон кардан бояд одам ҷазо бинад. Ман пешниҳод дорам, ки ҷазо муқаррар карда шавад
Аммо афзуд оқои Саттор қабл аз риояи ҳар қонун он бояд вуҷуд дошта бошад.
Ва дар шароити феълӣ меъёри воҳиди забони тоҷикӣ вуҷуд надорад ва истилоҳот ё вожагон аз ҷониби Кумитаи истилоҳот тайд ва эълон намешавад, ки боиси истифодаи номатлуби вожаҳо шудааст.
Дар ҳамин ҳол бархе дигар аз ширкаткунундагон аз ҷумлаи мансабдорон аз ворид шудани калимот ва вожаҳои ба истилоҳи онҳо иронӣ ва афғонӣ изҳори нигаронӣ карданд. Аз ҷумла Раиси Бунёди забони тоҷикӣ гуфт як рўзномаи навтаъсис вожаи истирдод ва ва тарҷеҳро истифода кардааст, ки ҳатто барои ман дарки он мушкил аст. Аммо Раиси пажуҳишгоҳи забон гуфт, ин ҳама калима ё вожагон, калимоте нестанд, ки акнун ба тоҷикӣ ворид шуда бошад. Балки моли ҳамин забон ҳастанд ва дубора баъди солҳои ба истилоҳ сода кардани забон мавриди истифода қарор мегиранд. Ва ҷое барои нигаронӣ вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG