Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе-1 барандаи Ҷоизаи ёдбуди Абдулло Муродов


Мусобиқаи ҷумҳуриявии дастаҳои баскетболи ҷавонон барои дарёфти ҷоизаи ёдбуди устоди варзиш Абдулло Муродов, яке аз поягузорони баскетбол дар Тоҷикистон бо пирӯзии дастаҳои аввали писаронаю духтаронаи шаҳри Душанбе хотима ёфт.
Ин мусобиқа, ки бо ширкати панҷ тими духтарона ва ҳашт тими писарона аз шаҳру навоҳии Душанбе, Қӯрғонтеппа, Ҳисор, Рӯдакӣ ва Ваҳдат дар толори мактаби махсуси варзишии захираҳои Олимпии пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, дар рӯзи ҷашни 70-умин солгарди зодрӯзи шодравон Абдулло Муродов ҷамъбаст гардид. Дастаҳои дуввуми писаронаю духтаронаи шаҳри Душанбе ҷойи дуввум ва тимҳои писаронаю духтаронаи шаҳри Қӯрғонтеппа мақоми севвумро ишғол карданд. Наврӯз Умедов, узви дастаи Душанбе-2 ҳамчун беҳтарин бозигари ин мусобиқа бо ҷоизаи ёдбуди бобояш Абдулло Муродов сарфароз гардид.
Вилла Очилдиев, сардовари ин мусобиқа ба Радиои Озодӣ гуфт: «Дар ин бозиҳо баскетболбозони моҳиру умедбахш ба назар расиданд, ки минбаъд онҳо ба дастаи мунтахаби кишвар ҷалб хоҳанд шуд. Ҳамчун сармураббии тими миллии баскетболи Тоҷикистон ҳаминро гуфтаниам,ки барои мо мушкили асосӣ набудани таҷрибаи ширкат дар бозиҳои байналмилалӣ мебошад. Дастаи хуб дорем, аммо ба сабаби набудани маблағ ба хориҷи кишвар рафта наметавонем. »
Воқиан, тими миллии баскетболи Тоҷикистон танҳо соли гузашта вориди майдонҳои басткетболи кишварҳои дигар шуд, вале дар нахустин бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар Арабистони Саудӣ аз ҳамаи рақибони худ шикаст хӯрд, зеро ки таҷрибаи кофӣ надошт. Ин дар ҳолест, ки дар замони шӯравӣ Тоҷикистон дар риштаи басткетбол устодони варзиши Иттиҳоди Шӯравиро тарбия кардааст, ки яке аз онҳо Абдулло Муродов мебошад. Зимнан тайи чаҳор соли ахир дар шаҳри Душанбе барои гиромидошти хотираи Абдулло Муродов мусобиқаи баскетбол миёни ҷавонон баргузор мешавад.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG