Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исроил ҳамла ба Лубнонро идома дод


Субҳи рӯзи душанбе ҳавопаймоҳои Исроил манотиқи шимол ва шарқи Лубнонро мавриди бумбборон қарор доданд. Бар асари ин ҳамла 15 нафар, аз ҷумла, 7 сарбози лубнонӣ кушта шуданд.


Артиши Исроил гуфт, ки ин ҳамла посух ба мӯшакборони Исроил аз сӯи гурӯҳи Ҳизбуллоҳ аст. Шаби гузашта мӯшакҳои Ҳизбуллоҳ ба шаҳри Афула ва канори шаҳри Назарет исобат карданд. Дар бораи қурбониёни ин ҳамла иттилоъ нарасидааст.


Рӯзи шанбе Ҳизбуллоҳ шаҳри Ҳайфои Исроилро мӯшакборон карда буд. Ба иттилоъи расмӣ, 8 нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд. Ба дунболи он ҷангандаҳои исроилӣ манотиқи ҷанубии Лубнон ва фурудгоҳи байнулмилалии Бейрутро бумбборон карданд.


Дар шаҳри бандарии Тир бар асари ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Исроил 16 нафар кушта шуданд, ки 8 нафари онҳо шаҳрванди Конодо буданд. Питер Маккей - вазири хориҷаи Конодо бо таъйиди ин хабар дар сӯҳбат бо шабкаи телевизиюнии СTV-и кишвараш гуфт, ки шаш тани дигар аз шаҳрвандони Конодо бар асари ҳамлаи ҳавоии Исроил захмӣ шудаанд.


Дар шаҳри Айтаруни Лубнон бумбборони ҳавопаймоҳои исроилӣ панҷ узви як хонаводаро кушта ба ҷой гузошт. Ҳовиер Солана - масъули равобити байнулмилалии Иттиҳодияи Урупо ва Терие Род-Ларсен - намояндаи Дабири кулли Созмони Милал барои пажӯҳиши вазъ ва анҷоми музокирот дар бораи поёни хушунатҳо дар минтақа вориди Бейрут шудаанд.
XS
SM
MD
LG