Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шӯрои Амният Куреи Шимолиро маҳкум кард


Куреи Шимолӣ мегӯяд, ки қатъномаи ахири Шӯрои Амнияти Созмони Милалро қабул надорад. Дар ин санад, ки ахиран аз сӯи ҳамаи 15 кишвари узви Шӯрои Амният пазируфта шуд, озмоишҳои мӯшакии ахири Пйонгйанг (Пхенян) маҳкум ва қатъи барномаҳои мӯшакии ин кишвар тақозо шудааст. Пак Ир Ён, сафири Куреи Шимолӣ дар Созмони Милал баъд ази қабули қатънома гуфт, ки ҳадаф аз тасвиби ин санад дар инҳисор қарор додани кишвараш ва эъмоли фишор бар раҳбарии Куреи Шимолист. Дар қатъномаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал, ки дирӯз (15 июл) пазируфта шуд, аз ҳама кишварҳои узви Созмони Милал хоста шуда, ки аз харидории мӯшакҳои Куреи Шимолӣ ва фурӯши ҳар навъ маводде, ки битавонад барои тавлиди силоҳи куштори ҷамъӣ аз сӯи ин кишвар ба кор равад, худдорӣ кунанд. Бо дархости Чин як банди қатънома - дар мавриди тавассул ба зӯр алайҳи Пйонгйанг дар сурати сарпечии он аз иҷрои қатъномаи Шӯрои Амният аз санади ниҳоӣ ҳазф шуд.
XS
SM
MD
LG