Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оё рафтори Зидон дуруст буд?


Интизор меравад Федеросиюни Байнулмилалии Футбол рӯзи 20 июл дар бораи рафтори Марко Матераззи - бозикуни тими Итолиё дар бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ ҳукми худро эълом кунад. Зайниддин Зидон - барандаи Тӯби Заррини 2006 мегӯяд, ки Матераззи дар ҷараёни бозӣ батакрор модару хоҳари ӯро дашном дода, ки дар натиҷа Зайниддин Зидон хунсардиашро аз даст дод, Матераззиро ба зарби муҳками сар аз по андохт, корти сурх дарёфт кард ва аз майдон ихроҷ шуд. Оё ба назари шумо, рафтори Зидон дуруст буд?

Ба Довар... Бибин, он чи ман дар мавриди Зидон навиштам, ба ҳеч ваҷҳ маънии офарин ба Мотероззиро надорад. Ман ҳеч ҷо нанавиштаам, ки Зидон бояд Мотероззиро офарин мегуфт. Ин аз ҷумлаи таваҳҳумот дар зеҳни туст. Ин ки Мотероззи чи гуфт ва Зидон чи кард, як чизе хусусӣ миёни онҳост ва ин мавзӯъ баъдан, албатта, қазоват хоҳад шуд ва ҳар кадом ба сазои худ хоҳанд расид. Вале дар майдони футбол ва бар асоси қавоъиди футбол он чи Зидон кард, ғалат буд ва хуб шуд, ки фавран ба сазояш расид.
Фаромарз
-------------------------------------------

Ба Фаромарз!
Агар касе мисли Матераззи ба ту чунин суханҳоро раво бинад, пас он шахсро "офарин" мегӯӣ?
Довар
-------------------------------------------

Ба таваҷҷуҳи ҳама ва махсусан ҷаноби Фаромарз!!! Фаромӯш накунед, ки дар бозии Ҷоми Ҷаҳонӣ, мутаассифона, ҳич дастае набуд, ки онро занон ташкил бидиҳанд ва ҳама мардон буданду мардона бозӣ мекарданд. Дар ҳоле ки истилоҳи "зан" маънии чинси латифро дорад ва чун гул сазовори эҳтирому эҳтиёт аст, бо вуҷуди ин, баъзе аз эшон намехоҳанд бо баъзе "мардон" дар мубориза бошанд ва танҳо аламашонро дар чанд сухан мегиранд. Модар ва хоҳари Зайниддин ҳам зан ҳастанд ва дар ин миён гуноҳе надоранд ва таҳкири "латифона"-и Матераззи комилан бемаврид аст. Пас тозиёнаи Зидон ҳақ аст ва ӯ бономус аст ва дар назди FIFA низ ҳақ хоҳад буд!!!
Абдурраҳим аз Душанбе
-------------------------------------------

Салом алейкум. Ба фикри ман, Зидон ҳақ буд. Барои он ки Матераззи ӯро дашном дод. Ва агар Зидон сабр мекард, бисёр хубтар мешуд. Ҳам барои ӯ ва ҳам барои тими миллии Фаронса. Ва худи Зидон дар Canal Plus гуфт, ки ин ҳақиқат буд. Албатта, ӯро барои мусалмон буданаш ин хел кард. Ва адр он ҷо Зидон аз тамоми кӯдакон ва ҷавонони ҷаҳон барои ин ҳаракати нохуб бахшиш пурсид. Ба Фаромарз - бародарам мехоҳам бигӯям, ки ҳар каси дигар ҳам дар ҷои Зидон ҳамин корро мекард. Лекин бояд гуфт, ки агар Зидон ин корро анҷом намедод, бисёр хуб мешуд. Дар ҳақиқат, ин зеби мусалмонӣ набуд. Саломат бошед.
Ҷовидон
-------------------------------------------

Салом. Ман ҳам яке аз дӯстдорони футболи ҳамеша зебои Зайниддин Зайдон ҳастам. Ва аммо дар бораи он бозии ҷанҷолӣ: Ба ҳар ҳол бояд Зайдон аз худ таҳаммулу хештандорӣ нишон медод. Луқмони Ҳаким мегӯяд: "Аз росте, ки дурӯғ намояд, ҳазар кун". Бале, ҳолатҳое мешавад, ки инсон наметавонад ростии худашро дар малаи ом исбот кунад, то аз он вазъият берун ояд. Ин ки мегӯянд, Зайдон аз номуси модару хоҳараш дифоъ кард, дуруст аст. Вале ӯ метавонист баъд аз бозӣ он бадахлоқро ба як гӯшаи танҳое бурда, хуб адаб кунад. Дар ин сурат, ҳам тимаш, ба эҳтимоли зиёд, қаҳрамон мешуду ҳам худаш ба унвони чеҳраи афсонаии футболи ҷаҳон аз майдон бо корти сурх худоҳофизии ҳамешагӣ намекард. Дар ҳар сурат банда бисёр мутаассифам.
Бӯстон, шаҳри Қурғонтеппа
-------------------------------------------

Ростӣ, ман ҳамеша ҳаводори тими Фаронсаам. Ҳатто пас аз бохти тими дӯстдоштаам гиря кардам, аммо барои ман аз ҳама аламовар рафтори бозикуни итолиёӣ буд, ки боъиси рондани Зайниддин аз майдон шуд. Футбол ин худ бозиест, ки дар он ҳадафҳои сиёсӣ пиёда мешавад ва махз ин рафтори бозикуни итолиёӣ ҳадафи сиёсии тимашро пиёда сохт. Хуб, пас аз ин худатон қазоват кунед, ки чаро мо аз Зайниддин дифоъ накунем? Ва аз бародари гиромӣ Фаромарз пурсиданиям, агар Шумо дар ҷои Зайниддин мебудед ва модару хоҳари шуморо дашном медоданд (аминам, ки ба иззати нафси Шумо намерасад), чи кор мекардед?
Ризо
-------------------------------------------

Ба Фаромарз. Касе ин ҷо аз Зайниддин пуштибонӣ накардааст. Танҳо ҳақиқати роиҷро гуфтаанд, ин ки бозикуни футбол рафтораш хато буд, аммо чун мард, марди ҳақиқӣ!
Маҳмудзода
-------------------------------------------

Салом! Ба мухтарам Фаромарз. Чи хел "демукротик" будани Итолиё ба ҳама маълум буд. Чуноне ки ба ҷои тӯб бозикунонро футбол карданд. (Қариб буд Зайниддин аз дасташ монад). Дуюм ин ки "номус"-ро бо "монарх" иваз накунед, чунки на ҳама ба монанди Шумо беҳад босабр аст, ки ҳатто дар таги дашноми "модар ва дин"-аш хомӯш монад.
Саид, Омрико
-------------------------------------------

Бештари касоне, ки аз Зидон инҷо ҳимоят мекунанд, танҳо ба хотири мазҳабаш аст. Яъне ӯ мусалмон аст ва мо ҳам мусалмон ҳастем, пас мо ҳаққем. Ин равиш комилан ғалат, ифротгароёна, орӣ аз адолат ва ҷавонмардист. Барои инсон бояд дурустӣ ва ростӣ мухим бошад, на мазҳаб. Агар ҳаммазҳаби ман бошад ва бадрафторӣ кунад, ман бояд ӯро маҳкум кунам ва аз он дигаре, ки хубрафтор аст, ҳимоят кунам, на баръакс. Тамоми бадбахтиҳои ҷаҳон аз ҳамин гуна кӯрдилии мардумонест, ки ба рафтори шахс наменигаранд, балки ба асли ӯ менигаранд.
Фаромарз
-------------------------------------------

Суоли родию Озодӣ ғалат аст. ФИФА ҳанӯз тасмим нагирифтааст танҳо дар мавриди Матераззи ҳукм кунад. Ба ин далел бояд навишт: Ба зудӣ ҳукми ФИФА дар мавриди Зидон ва Матераззи эълом хоҳад шуд. Суоли Озодӣ чунин мерасонад, ки ин родию мунсиф нест ва бар хилофи асли бетарафии журнолисм аз Зидон тарафдорӣ мекунад.
Фаромарз

Аз Озодӣ: Дӯсти фарзона Фаромарз. Сипос аз ширкати фаъъолонаи шумо дар баҳс. Тасмими Федеросиюни Байнулмилаии Футбол (FIFA) танҳо пас аз он гирифта шуд, ки Зайниддин Зидон аз тариқи телевизюни Фаронса рӯзи 13 июл дар бораи рӯйдоди шигифтангези поёни бозии ниҳоӣ изҳори назар кард. Вай аз мардуми ҷаҳон бобати рафтори тундаш бо Марко Матераззи пӯзиш хост, аммо бозикуни итолиёиро ба тавҳин ва дашноми модару хоҳараш муттаҳам кард. Танҳо пас аз он FIFA тасмим гирифт, ки ба ин мавзӯъ расидагии комил кунад. Комилан дуруст аст, ки ин ниҳоди варзишӣ бо ҳар ду бозикун суҳбат кардааст, то қазияро равшан кунад. Зайниддин Зидон бедиранг муҷозот шуд. Ҳоло интизор меравад, ки ҳукми FIFA бештар таклифи Матераззиро мушаххас кунад. Агар иддаъои Зидон таъйид шавад, Матераззи аз ширкат дар чанд бозии футбол маҳрум хоҳад шуд ва як ҷаримаи пулӣ ҳам хоҳад пардохт. Дар ғайри ин сурат, ҳич иттифоқе бо ӯ нахоҳад уфтод.
-------------------------------------------

Ончи "Абдурраҳим аз Душанбе" навишта, намунаи ошкори сексизм аст. Ин кас вакте мехоҳад таҳсин кунад, мегӯяд, "мардона" ва вақте мехоҳад таҳқир кунад, мегӯяд "занона". Аз назари вай рафтори, ба эътиқоди вай, "бад"-и Матераззи "занона" аст. Аз ин чо ошкор аст, ки дар зеҳни ин шахс ҳарчи бад аст, занона аст ва ҳатто мегӯяд, барои рафтори занонааш бояд чанд мушту лагади дигар хурад. Ин ҳам тафаккури патриархалистии шувенистии фошистии мардсолори суннатии тоҷикона! Замоне ки ҳарчи таҳқиромез буд, "занона" буд ва ҳарчи таҳсиномез буд, "мардона" хонда мешуд, гузашт! Дигар бояд ин стереотипхои феюдоли ва бозмонда аз даврони ғуломдориро аз миён бурд. Ба баракати демукросӣ ва тамаддуни мудерни имрӯзӣ зан ва мард аз ҳайсияти баробар бархурдоранд ва зан будан ва мард будан ҳамон қадар сазовори таҳсин аст, ки мард будан. Дигар зан чун дар замони тамаддунҳои ғуломдорӣ ними мард нест, балки баробари мард аст. Касоне, ки мехоҳанд дигареро таҳқир кунанд ва ба ӯ хитоб мекунанд "зан", худ албатта ҳақиранд.
Фаромарз
-------------------------------------------

Бо салом! Ман мехоҳам бо оқои Далер Мирзоев ошно шавам. Агар мумкин аст ва ишон худашон моил бошанд, одреси и-мейли ишонро ба одреси ман бифиристед. Бо ташаккури фаровон!
Дараке
--------------------------------------------

Ба фикри ман, дастаи итолиёиҳо мақсад доштанд, ки Зайниддин Зидонро аз по андохта маъюб кунанд ё ин ки бо ягон тарзи дигар аз бозӣ биронанд, ки ин яке аз хислатҳои номардонаи онҳо буд...
Назаров
---------------------------------------------

Салом ба ҳама. Он касе, ки мегӯяд рафтори Зидон нодуруст буд, бигзор фикр кунад, касе модару хоҳарашро дашном диҳад, ӯ сокит ва мисли беномусҳо корашро идома диҳад... Дар ҳақиқат, ин кори Зайниддин дуруст аст. Ин исботи мусалмон будани ӯст. Зидон гуфт, ки ФИФА кори нохубаш дар ҳамин аст, ки фақат алайҳи як нафар ҳукм мекунад.
Руслан
----------------------------------------------
Дуруд ба ҳаводорони Майдони баҳс!!! Зайниддин сад дарсад хақ буд ва ба хотири алфози қабеҳ ва рафтори занонаи Марко Матераззи (яъне зӯриашро дар таҳқири модару хоҳар дида тавонист), лозим меомад ӯро боз даҳ-дувоздаҳ мушту лагади дигар мекӯфт, то барои дигарон ибрат шавад. Офарин ба Зидон!!!
Абдурраҳим аз Душанбе
----------------------------------------------

Ба номи Худо. Рафтори Зайниддин Зидон рафтори мардона аст. Ҳар як мусалмони боъору номус бояд аз шарафу номуси хеш инчунин дифоъ кунад. Аҳсант ба Зидон!!!
Саидамин
-----------------------------------------------
Зайниддин Зидон беҳтарин мард аст, ки мардиро аз Ҷоми Ҷаҳонӣ бартар донист...
Нур
-----------------------------------------------

Ба назари ман рафтори Зидон ноҷавонмардона буд ва хуб шуд, ки ба сазояш расид. Тими Итолиё хеле демукротик буд ва дар он ҳамаи бозикунон хуб буданд, панҷ гулзани олӣ дошт. Вале тими Фаронса хеле авторитарӣ буд ва ҳамаи нерӯи он дар ҳамин Зидон маҳдуд мешуд. Шояд ба хотири бозикуни "хуб" будан Зидон аз имтиёзоте бархурдор буд ва дигарон натавониста буданд биёмӯзанд ва истеъдоди худро тақвият кунанд ва ҳамин тур Зидон мисли монархе буд, ки бо рафтани ӯ тимаш шикаст хурд. Ҳамтои ӯ каси дигаре дар тими Фаронса набуд ва табиъист ҳатто дар ҳамаи бозиҳои Фаронса пенолтиро танҳо Зидон мезад, ин албатта, бозикунони дигарро танбал ва беистеъдод карда буд. Ба воруни ин, тими Итолиё бозикуноне дошт, ки ҳамагӣ баробар пешрафта буданд ва истеъдоди хуб доштанд. Натиҷа ҳам панҷ гулзани перфекти Итолиё ба ҳадаф расиданд ва фаронсавиҳо шикаст хурданд.
Фаромарз
-----------------------------------------------

Футбол ин ҳаракати чолоконаи пойҳост, на ҳаракати чолоконаи лабу даҳон.
Зайниддин Зидон сад дар сад ҳақ буд.
Далер аз Олмон.
___________________________

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳу ва баракотуҳу! Аввалан, ман мехостам бигӯям, ки аз аввали бозиҳо бо тими Италия будам. Алҳамдуллоҳ, ки ба мақсадам расидам. Агар аз рафтори Зидон пурсед, кори хуб накард, агар ФИФА ба фикри ман кор мекард, Зидонро 1 сол ё 3 сол маҳкам мекард барои беадабияш.
Фаҳд
_____________________________

Бо ному ёди Худованд!!
Салом, ба фикри ман кори Зидон дуруст буд ва ӯ мисли як марди воқеӣ амал кард!!!
Алӣ
___________________________

Салом ба ҳамаи мухлисони футбол. Дар ҳақиқат Матерацци найрангбоз буданашро нишон дод.Ман ба пуртоқатии Зайниддин аҳсан гуфта аз ӯ пурсиданиам, ки чаро бо калла ба даҳонаш назадӣ?
Ҳоҷӣ
___________________________

Кори Зайниддин Зидон бисёр муносиб буд ва далолат ба имону нангу шарафи исломӣ доштани ӯ мекунад. Ба ҳар ҳол мусалмон бояд ҳеҷ гоҳ ба ягон қиммати дунявӣ нангу шшарафи исломии худро поймол накунад.
Абу Фарҳон
___________________________

Зайниддин чун марде, ки бо марди дигар муносиботи нохубашро муайян мекунад, дуруст рафтор кард, аммо ба таври бозингари футбол амалаш ғайриқобили қабул аст.Ба ҳар ҳол, агар хоҳару модари Зайниддин бойиси хархаша шуда бошад, ӯ ҳақ аст.
Маҳмудзода
____________________________

Фикр мекунам Зайниддин дуруст амал кардааст. Зизу бо зарби сар Маркоро аз пой афтонд, дигар чизе нагуфт, корти сурх гирифт ва бо сари хам аз майдон хориҷ шуд. Ин ҳам варзишкори ҳақиқӣ будани Зайниддинро нишон медиҳад. Дашном додӣ, посух гуфтам. Шахсан ман мекафидам. То халос хурдан Матерацциро чунон мезадам, ки модару хоҳари ман як тараф, модару хоҳари худаша фаромӯш мекард. Натиҷа маълум. Ба ман - корти сурх, ӯро - рӯи занбар.
Шавик
______________________________

Салом. Ман фикр мекунам,ки рафтори Зайниддин Зидон дуруст буд. Дар ҳама ҳолат, мард бояд мард бошад. Таҳқири модару хоҳар гуноҳи нобахшиданист.
Маҳмадраҳим
XS
SM
MD
LG