Пайвандҳои дастрасӣ

Корти Visa аз "Тоҷпромбонк" ва афзоиши тавлидоти кони Қизилтумшуқу ТадАЗ


Бонки саноатии "Тоҷпромбонк" эълом кард, ки шомили иттиҳодияи байналмилалии бонкии Visa International шудааст ва дар ҳамин моҳи июл кортҳои пластикии худро вориди бозор хоҳад кард. "Тоҷпромбонк" бад-ин тартиб ба дунболи "АгроИнвестбонк", "Тоҷиксодиротбонк" ва "Ориёнбонк" чаҳорумин бонки Тоҷикистон хоҳад шуд, ки чунин навъи хидматрасониро ба муштариёнаш пешниҳод мекунад. То якуми июни соли равон теъдоди корбарони кортҳои пластикии бонкҳои Тоҷикистон беш аз 7000 нафар будааст.

Бонки Ҷаҳонӣ барои давлати Тоҷикистон 15 миллион доллар кӯмаки билоъиваз итттихоз медиҳад.
10 миллион доллари ин кӯмак сарфи барномаҳои рушди бахши хусусӣ ва такмили кори бахши давлатӣ шуда ва 5 миллиони боқимонда махсуси иҷрои барномаи стротежии ислоҳоти мақомоти идории Тоҷикистон хоҳад шуд.
Тоҷикистон соли 1993 ба узвияти Бонки ҷаҳонӣ пайваст ва аз он замон то кунун аз ин ниҳоди молӣ ба маблағи 415 миллион доллар қарзу кӯмак дарёфт кардааст.


Масъулини кони Қизилтумшуқ, воқеъ дар ноҳияи Колхозободи вилояти Хатлон мехоҳанд истихроҷи гози табиъӣ аз ин конро имсол ба миқдори 2 миллион метри мукаъаб биафзоянд. Соли гузашта аз кони Қизилтумшуқ беш аз 9 миллион метри мукаъаб гоз истихроҷ шуда буд. Кони мазкур Қӯрғонтеппаву Сарбанд ва Колхозободро бо гоз таъмин мекунад. Тоҷикистон дар маҷмӯъ солона аз Узбакистон ҳудуди 700 миллион метри мукаъаб гоз ворид мекунад.

Корхонаҳои саноатии вилояти Суғд дар нимсолаи аввал ба маблағи муъодили тақрибан 110 миллион доллар маҳсулот тавлид кардаанд. Тавлидоти таъсисоти саноатии шаҳри Кӯлоб дар ин давра беш аз 17 миллион сомонӣ баровард шудааст, ки сеякашро фаровардаҳои корхонаҳои хусусӣ ташкил медиҳад. Исматуллоҳ Нусратов - муъовини шаҳрдори Кӯлоб гуфтааст, ки танҳо бахши хусусӣ қодир аст иқтисоди шаҳрро пеш бибарад.

Ва ТадАЗ, корхонаи алюминиюми Турсунзода дар нимсолаи аввали сол чизе бештар аз 200 000 тон алюминиуми аввалия тавлид кардааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 9,6 дарсад бештар будааст. Табодули молу колои корхона бо хориҷ дар ин давра 336 миллион доллар афзуда, 866 миллионро ташкил дод. Наздики 60 дарсади содироти Тоҷикистон аз фурӯши фаровардаҳои ҳамин корхона ба даст меояд.
XS
SM
MD
LG