Пайвандҳои дастрасӣ

Низоъи миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳ шиддат гирифт


Як киштии ҷангии Исроил, ки Лубнонро мӯшакборон карда буд, ҳадафи ҳамла қарор гирифта ва мунфаҷир шудааст. Ба гуфтаи расонаҳои исроилӣ, як ҳавопаймои бидуни сарнишин бар ин киштӣ маводди мунфаҷира афкандааст. Телевизиюни Ал-ҷазира гуфт, чаҳор сарбози исроилӣ пас аз ин инфиҷор бенишон шудаанд. Созмони Ҳизбуллоҳ масъулияти ин ҳамларо ба уҳда гирифт. Пештар раҳбари Ҳизбуллоҳ, ки манзилаш аз сӯи нерӯҳои исроилӣ бумбборон шуда, алайҳи Исроил ҷанги ошкор эълон карда буд. Ҳамлаҳои Исроил интиқодоти васеъи байналмилалиро барангехтааст, аммо Омрико мегӯяд, аз Исроил нахоҳад хост, ки амалиёти низомиашро мутаваққиф кунад.

Рӯзи 14 июл Шӯрои Амнияти Созмони Милал бо баргузории як ҷаласаи фавқулъода низоъи миёни нерӯҳои исроилӣ ва размандагони Ҳизбуллоҳ дар Лубнонро баррасӣ кард. Навҳад Маҳмуд - фиристодаи вижаи Лубнон дар ин нишаст аз Шӯрои Амният хост, то ба хотири хатми хунрезиҳо фавран оташбас эълон кунад. Навҳад Маҳмуд Исроилро муттаҳам кард, ки дар вокуниш ба ҳамлаҳои мӯшакии Ҳизбуллоҳ ба он кишвар ва асир гирифтани ду сарбози исроилӣ, даст ба "таҷовузе барбарона" задааст. Ба гуфтаи Навҳад Маҳмуд, Исроил мехоҳад, бо ҳамла бар зерсохтҳои ғайринизомии кишвар, аз ҷумла фурудгоҳи Бейрут ва пулҳои зиёд дар ҷануби Лубнон, ин кишварро ба хорӣ афканад. Ден Гиллерман - сафири Исроил дар Созмони Милал дар посух ба ин гуфт, ки мубтакири ҷанг Лубнон аст, зеро, ба гуфтаи вай, Ҳизбуллоҳ, ки як созмони теруристист, дар ҳукумати Лубнон намоянда дорад. Аммо ба гуфтаи сафири Исроил масъулияти ниҳоии иқдомоти теруристии Ҳизбуллоҳ ва созмони Ҳамос дар Ғазза ба дӯши Лубнон нест, балки ба дӯши ҳомиёни ин ду гурӯҳ Сурия ва Ирон аст: "Бисёр муҳим аст ҷомеъаи байнулмилал бидонад, ки Ҳизбуллоҳ бо ин терурҳои ваҳшиёнааш танҳо як ангушти дастҳои дароз ва хунолуди Сурияву Ирон аст. Ҳизбуллоҳ ҳамроҳ бо Ҳамос, Сурия ва Ирон меҳвари нави хатарноки терур дар ҷаҳонро ташкил медиҳанд."

Бархе дигар аз кишварҳо низ дар нишасти Шӯрои Амният дар бораи низоъ изҳори назар карданд: Омрико аз Исроил ҳимоят кард, бархе дигар гуфтанд, ки Исроил вокуниши беш аз ҳад нишон додааст. Пас аз ин нишаст Башор Ҷаъфарӣ - сафири Сурия дар Созмони Милал дар мавриди иттиҳомоти сафири Исроил, ки Сурияву Иронро аз муҳаррикони Ҳизбуллоҳ номид, гуфт, Созмони Милал бояд ба низоъи Ховари Миёна ба таври фарогир, аз ҷумла бо назардошти ишғоли Фаластин тавасcути Исроил расидагӣ кунад. Вай аз ҷумла Исроилро муттаҳам кард, ки баъд аз хуруҷи нерӯҳояш аз Лубнон дар соли 2000 пайваста ба марзи Лубнон таҷовуз кардааст. Ба гуфтаи оқои Ҷаъфарӣ, Лубнон ҳамвора дар ин маврид ба Созмони Милал шикоят бурдааст: "Исроилиҳо пайваста ба таври ғайриқонунӣ ба ҳарими ҳавоиву обҳои сарзаминӣ ва хоки Лубнон ворид шудаанд. Чаро ҳоло ҳама фақат ба амалиёти Ҳизбуллоҳ алайҳи нерӯҳои исроилӣ тавваҷуҳ мекунанд? Тамоми ин рӯйдодҳо бояд ба таври фарогир баррасӣ шавад, на дар аҷзоъи кӯчак."

Дар тайи ҷангҳои беш аз серӯза 80 нафар дар Лубнон ва Исроил ҷон додаанд.Бештари қурбониён лубнонианд.
XS
SM
MD
LG