Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши содироти меваи Тоҷикистон ба нафъи кист?


Вазорати кишоварзии Тоҷикистон қасд дорад содироти меваву сабзавот аз кишвар ба хориҷро афзоиш бахшад. Дар тавзеҳи ин тасмим мақомоти вазоратхонаи мазкур содироти меваву сабзавот ба хориҷро аз лиҳози иқтисодӣ барои кишвар муфид арзёбӣ менамоянд. Аз сӯи дигар ба гуфтаи онҳо фаровонии меваву сабзавот ва мусоидии обу ҳавои Тоҷикистон имрӯз зарурати интиқоли ҳар чӣ бештари анвоъи мухталифи зироатҳои полезӣ аз қабили пиёзу сабзӣ ва картошкаро ба хориҷ аз кишвар ба миён овардааст. Ворис Маҳмадаминов вазири кишоварзии Тоҷикистон гуфт дар ҳоли ҳозир ин кишвар ин зарфиятро дорад, ки то 150 - 200 тон сабзавоту меваи тару тоза ба кишварҳои дуру наздик содир намояд
Масъалаи афзоиши содироти меваву сабзавоти Тоҷикистон замоне матраҳ мегардад, ки қиммати анвоъи мухталифи меваҷот ҳамин шабу рӯзҳо дар бозорҳои ин кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта боло рафтааст. Барои мисол ҳоло як килограмм картошка дар бозорҳои шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон яку ним ва сабзиву пиёз то як сомонӣ боло рафтааст ва ин нисбати соли гузашта як баробар зиёд аст.
Дар ҳамин ҳол аксари коршиносон иллати чунин вазъро ба афзоиши содироти меваву сабзавоти Тоҷикистон ба Русияву Қазоқистон марбут медонанд ва чунин наҳваи амалкарди вазорати кишоварзии Тоҷикистонро бар зарари бозори дохилӣ арзёбӣ менамоянд. Аммо Садоқат Сангинова муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон болоравии қимати сабзавот дар бозорҳои кишварро на ба ин далел, балки ба гарон шудани нархи маводи сӯхт ва нуриҳои минералӣ марбут медонад.
Бино ба иттилоъи вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар мавсими соли равон аз ин кишвар ба Русияву Қазоқистон 25 ҳазор тон меваву сабзавот содир шудааст. Содироти меваву сабзавоти Тоҷикистон ба хориҷ аз кишвар баъд аз он афзоиш меёбад,ки мақомоти роҳи оҳани Қазоқистону Русия ду моҳ қабл барои интиқоли меваву сабзавоти Тоҷикистон ба кишварҳои худ то 30 -50 дарсад таъаруфаҳои интиқоли колоро коҳиш додаанд.
XS
SM
MD
LG