Пайвандҳои дастрасӣ

Кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон


Шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ дар нишасти ахири худ тарҳи тозаеро ба тасвиб расонидааст, ки мутобиқи он ҳукумати Тоҷикистон ба манзури ҷилавгирӣ аз паҳншавии бемории зукоми мурғӣ маблағи 5 миллион доллари амрикоӣ кӯмаки билоиваз дарёфт менамояд. Ҳадаф аз ихтисоси ин кӯмаки биолоиваз он аст, ки дар сурати бурузи бемории зукоми мурғӣ дар қаламрави Тоҷикистон короии амалкарди ниҳодҳои марбутаи ин кишвар дар муқобила бо зукоми мурғӣ таъмин гардад.
Бино ба иттилоъи дафтари тоҷикистонии Бонки ҷаҳонӣ тавассути ироаи тарҳи нави кӯмаки билоивази ин ниҳоди бонуфузи молиявӣ ҳукумати Тоҷикистон ин имконро пайдо менамояд, ки хатароти буруз ва густариши бемории зукоми мурғиро дар қаламрави кишвар коҳиш бахшад.
Тибқи омори Бонки ҷаҳонӣ аз чаҳор се қисмати ҷамъияти Тоҷикистон дар деҳот ба сар мебаранд ва усулан ба кишоварзӣ, аз ҷумла молдориву паррандапарварӣ иштиғол меварзанд. То ба ҳол мавориди ҷудогонаи бурузи бемории зукоми мурғӣ дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон аз қабили Чину Афғонистон ва ҳамчунин Русияву Қазоқистон, ки доду гирифти мустақими тиҷорӣ бо Тоҷикистон доранд сабт шудааст. Аммо то кунун дар Тоҷикистон ҳеҷ гуна мавориди гирифторӣ ба бемории зукоми мурғӣ миёни афрод ва ё паррандагон сабт ва таъйид нашудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз густариши бемории зукоми мурғӣ ахиран барномаи вижае таҳия намудааст. Аммо гуфта мешавад барои иҷрои он кишвар ба мусоидатҳои бештари молӣ аз сӯи кишварҳои кӯмакрасон ва созмонҳои байналмилалӣ ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG