Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи ҳавоии Исроил ба шоҳроҳи Бейрут - Димишқ


Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид (ША СММ) имрӯз, 14 июл дар як ҷаласаи изтирорӣ масъалаи ҳамлаҳои Исроил ба Лубнонро баррасӣ мекунад.

Ҳамлаҳои ҳавоии Исроил ба Лубнон, ки рӯзи чоршанбе дар пайи асорати ду сарбози исроилӣ тавассути чирикиҳои Ҳизбуллоҳ оғоз ёфтанд, то кунун дасти кам 50 нафари ғайринизомиро кушта ба ҷо гузоштааст. Субҳи имрӯз Исроил шоҳроҳи асосии Лубнонро, ки пойтахти ин кишвар шаҳри Бейрутро бо пойтахти Сурия шаҳри Димишқ мепайвандад, таҳти бамббор қарор дод. То кунун фурудгоҳи Бейрут ва ду пойгоҳи ҳавоии низомии Лубнон ҳадафи ҳамлаҳои Исроил қарор гирифта буданд.

Дирӯз Ҳизбуллоҳ ба навбаи худ алайҳи шимоли Исроил, аз ҷумла шаҳри Ҳайфа ҳамалоти мушакӣ анҷом додааст.
Дар бораи мунҷар ба кадом қурбонӣ шудани ҳамлаи мушакӣ ба шаҳри Ҳайфа гузорише ба даст нарасидааст. Аммо дар асари ҳамалоти дигар 2 нафари ғайринизомӣ кушта ва 92 тани дигар захмӣ шудаанд.

Иттиҳодияи Аврупо ва Русия аз Исроил интиқод кардаанд, вале Амрико ба ҳимоят аз он кишвар сухан рондааст. Амрико ҳамчунин дар СММ ба қатъномаи ША, ки амалиёти низомии Исроил дар навори Ғазаро маҳкум мекард, вето гузоштааст. Ва Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон дирӯз гуфт, ҳамлаи Исроил ба Сурия ба маънии ҳамла ба ҳама ҷаҳони Ислом талаққӣ шуда, посухи ба гуфтаи вай шадидеро дар пай хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG