Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Душанбе аз нирӯҳои Амрико ва НАТО дар Афғонистон


Генерал Рустам Назаров, раиси ожонсии давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин ожонсӣ нирӯҳои эътилофи таҳти раҳбарии Амрико ва нирӯҳои НАТО дар Афғонистонро муттаҳам кард, ки дар амалиётҳои худ ба набард алайҳи террору тундгароӣ тамаркузи бештар дода, дар роҳи мубориза бо кишту қочоқи маводи мухаддир дар он кишвар комёб шуда натавонистаанд. Генерал Назаров гуфт, талошҳои таҳти раҳбарии Амрико ба манзури ба қатъи кишти маводи мухаддир ташвиқ кардани кишоварзони афғон асосан ноком шудааст.

Қарори маълум, вазири дифоъи Амрико Доналд Рамсфелд 3 рӯз пеш зимни охирин дидораш аз Кобул хостори таҳияи як нақшаи густардаи мубориза бо маводи мухаддир дар Афғонистон шуда буд.

Аммо дар нишасти ожонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ҳамчунин гуфта шуд, ки мақомоти интизомии ин кишвар аз аввали сол наздики дувуним тонна маводи мухаддир мусодира кардаанд, ки назар ба соли гузашта 18 дарсад бештар будааст. Генерал Рустам Назаров гуфт, қариб нисфи маводи мухаддири мусодирашударо ҳероин ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG