Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти Қирғизистону Амрико барои "Манас"


Намояндагони Қирғизистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имруз дар Бишкек музокироти худро идома доданд. Ин музокирот рузи чаҳоршанбе шуруъ шуд ва ҳар дуҷониб масъалаи иҷораи пойгоҳи ҳавоии Манасро баррасӣ мекунанд. Амрико ин пойгоҳро барои истифода дар мубориза бар зидди террор дар Афғонистон аз охири соли 2001 аз Қирғизистон иҷора гирифтааст ва он дар наздикии шаҳри Бишкек ҷойгир аст. Соли гузашта мақомоти Қирғизистон гуфтанд 2 милён доллар барои иҷораи солонаи ин пойгоҳ кам аст ва Амрико бояд нархи иҷораро сад баробар боло барад.
XS
SM
MD
LG