Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷараёни Салафия чӣ хатар дорад?


Кумитаи умури мазҳабии Тоҷикистон аз густариши равияи нави мазҳабӣ дар кишвар бо номи ҷараёни Салафия изҳори нигаронӣ менамояд. Ин матлаб ахиран дар як нишасти хабарии мақомоти кумитаи умури мазҳабии Тоҷикистон эълом шудааст. Муродулло Давлатов- раиси кумитаи мазкур бо нигаронӣ дар ин нишаст таъкид намуд, равияи навзуҳури мазҳабии Салафия ахиран дар Тоҷикистон густариши назаррас касб намудааст. Оқои Давлатов гуфт, дар Тоҷикистон ағлаби мусулмонон пайрави мазҳаби ҳанафианд ва зуҳури падидаи наве бо номи Салафия ба арзишҳои фарҳангиву динии ин мазҳаб мухолиф аст. Оқои Давлатов меафзояд, равияи Салафияро метавон як равияи мазҳабии ифротгарой арзёбӣ намуд. Таъкиди хатароти фарҳангиву иҷтимоъии равияи Салафия дар ҳоле аз сӯи масъулини кумитаи умури мазҳабии Тоҷикистон садо медиҳад, ки ду моҳ қабл Ҳумиддин Шарипов- вазири дохилаи ин кишвар зуҳури ин равия дар Тоҷикистонро як хатари ҷиддӣ дар баробари суботу амнияти ин кишвар хонда буд. Аммо Муродулло Давлатов-раиси кумитаи умури мазҳабии Тоҷикистон чунин арзёбиро ғайри воқеъӣ номид. Ин дар ҳолест, ки ҳамакнун дар масоҷиди ҷомеъи шаҳри Душанбе метавон пайравони равияи Салафияро мушоҳида намуд. Ва онҳо дар миёни ҷамъияти намозгузор ба таври барои бештари мардум ғайримаъмулӣ ба адои намоз мепардозанд. Кумитаи умури мазҳабии Тоҷикистон мегуяд, чунин амалкард хилофи оинномаи масоҷиди ҷомеъи кишвар аст ва он бояд дар чаҳорчуби оинномаи масҷидҳо танзим гардад.

Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG