Пайвандҳои дастрасӣ

Нашрияҳои Тоҷикистон ин ҳафта чӣ навиштаанд?


Сафари вазири дифоъи Амрико Доналд Рамсфелд ба Тоҷикистон, омодагии аҳзоби сиёсии кишвар ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, марги Шомил Басаев, барандаи ҷоми ҷаҳонии футбол шудани Итолиё ва қазияи футболбози машҳури Фаронсавӣ Зинедин Зидан дар бозии ниҳоии ин мусобиқот аз мавзӯъҳои аслии шумораи тозаи нашрияҳои чопи Душанбе буд. Нашрияи «Миллат» зери унвони «Рамсфелд чӣ ваъда кард?» ба таҳлили сафари вазири дифоъи Амрико ба Тоҷикистон пардохта навиштааст: «Раҳмонов ва Рамсфелд ба ҷуз аз масъалаҳои байналмилалӣ масоили дигари мавриди алоқаи ин ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд». Вале муаллифи матлаб навиштааст, ин сафари вазири дифоъи Амрикоро ба афзоиши масъулияти дигар кишварҳо, аз ҷумла Русияву Ирон, барои иҷрои тарҳои иқтисодии бузургҳаҷм мусоидат хоҳад кард. Вале ба паҳлуи дигари ин масъала низ ишорат кардааст. Муаллиф бо истинод ба назари коршиносон менависад, ин сафари ғайри интизори Рамсфелд бо сафари қариб-ул-вуқуъи раиси ҷумҳури Ирон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷиктстон низ иртибот дорад. Аммо «Азия Плюс» матлаби худ дар робита ба ин сафари Рамсфелдро «Мулоқоти шабона» унвон гузошта, ҳадафи ба Душанбе сафар кардани ин мақоми баландпояи Амрикоро таҳлил кардааст. Ба навиштаи ҳафтанома, ду сафари қаблии вазири дифоъи Амрико дар ҳоле сурат гирифта буд, ки вазъ дар минтақа муташанниҷ буд. Бори аввал барои омодагӣ ба мубориза алайҳи Ттолибон дар Афғонистон ва бори дуввум замони тақозои қатъии Ӯзбакистон барои ихроҷи пойгоҳи низомии Амрико аз Хонобод. Сафари навбатии у феълан низ дар ҳоле сурат гирифт, ки вазъи сиёсии минтақа то ҳаде ором нест. Ва сарфи назар аз он, ки Амрико зарурати афзоиши пойгоҳҳои низомӣ дар минтақаро рад мекунад, вале аз рӯи кучактарин мантиқ, ин кишвар дар шароити феълӣ ба доштани пойгоҳи низомӣ, ба хусус дар Тоҷикистон, ниёз дорад. Вале нашрияи «Тоҷикистон» дар ин маврид навиштаст, мақсади ташрифи вазири дифоъи Амрико омӯхтани вазъ ва кӯмак расондан ба қувваҳои қудратии Тоҷикистон дар масъалаи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аст. Дар ҳамин ҳол, ҳафтаномаи «Вақт» сафари Рамсфелдро ба таваҷҷӯҳи Амрико ба тарҳҳои бузурги эжнержӣ марбут дониста навиштааст: «Амрико манфиъатдор аст, ки тавлиди нерӯи барқ ва аз тариқи Афғонистон ба Покистон интиқол ва фурӯхтани барқи тоҷикро сармоягузорӣ кунад». Вале нашри тозаи «Факти и комментарий» ба мавзуъи интихоботи қариб-ул-вуқуъи раиси ҷумҳури Тоҷикистон нигаронида шуда, суҳбатеро бо муовини раиси ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон Давлаталӣ Давлатов анҷом додааст. Оқои Давлатов дар посух ба суоли нашрия дар мавриди омодагӣ ба интихоти президентӣ гуфтааст, номзади мо ба курсии раиси ҷумҳур омода аст ва сари вақт номзадии ӯ пешбарӣ хоҳад шуд. Ӯ афзудааст, аслан мо ба ин интихобот омодагиро аз оғози сол шурӯъ кардаем.Дар ҳамин маврид нашрияи «Зиндагӣ» аз таъсиси ситоди интихоботии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт хабар додааст. Аммо бештарин нашрияҳои чопи Душанбе аз марги Шомил Басев- фармондеҳи чеченҳои ҷудоихоҳ хабар додааст. Ба навиштаи «Наҷот»- нашрияи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон «марги Басаев барои ҷудоихоҳони чечен талафоти бузург аст. Ин нирӯ шахсияти машҳуртар аз ӯ надорад, аз рафти ҳаводис чунин дарк кардан мумкин аст, ки гурӯҳҳои мухолифи давлат силоҳ ба замин гузоштанӣ нестанд.Ва низ «Миллат» дар ин маврид суол додааст, « Шомил Басаев террорист буд ё озодихоҳ?» ва ба суоли худ посух додааст: «Ҳар кӣ буд, кушта шуд». Аммо ҳафтаномаи «Ҷавони Тоҷикистон» дар радифи дигар нашрияҳои чопи Душанбе натоиҷи мусобиқоти ҷомии ҷаҳонии футболро нашр кардааст. Ва дар зимн ҳафтаномаи «Зиндагӣ» хабар додааст, ки коршинос асрори таҳқир ба унвони Зинедин Зидан дар бозии ниҳоии ин мусобиқотро боз кардааст.
XS
SM
MD
LG