Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболи Тоҷикистон панҷ қадам пеш рафт


Мунтахаби Тоҷикистон миёни дастаҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз дастаҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Афғонистон болотар ҷойгир шудааст. Вале нисбат ба мунтахаби Узбакистон 66 зина поинтар ва нисбат ба тими миллии Эрон, ки дар Осиё дар ҷойи аввал аст, 69 зина поинтар қарор гирифтааст. Мирзо Муҳаммадҷонов- муовини раиси Федератсиони футболи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, мавқеи тими миллии ин кишвар дар рейтинги ФИФА пас аз пирӯзиаш дар Ҷоми даъвати Конфедератсиони футболи Осиё хеле беҳтар шудааст, вале то ҳоло Тоҷикистон дар гурӯҳи кишварҳои зуҳурёфта қарор дорад. Дар рейтинги нави ФИФА мунтахаби Бразилия миёни 204 кишвари олам мисли пешин дар мақоми нахуст аст. Тимҳои миллии Итолиё дар ҷойи дуввум, Аргентина дар ҷойи севвум, Фаронса дар ҷойи чаҳорум ва Инглистон дар ҷойи панҷум қарор гирифтаанд. Ҳамчунин миёни даҳ тими беҳтарин Ҳулланд, Испаниё, Португол, Олмон ва Ҷумҳурии Чех ҷойгир шудаанд. Миёни дастаҳои мунтахаби кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тими миллии Укроин дар ҷойи аввал буда, дар рейтинги ФИФА мақоми 15-умро ишғол мекунад. Мунтахаби Русия дар ҷойи 34-ум қарор дорад.
XS
SM
MD
LG