Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурудгоҳи Бейрут аз кор баромад


Имруз нируҳои Исроил ба фурудгоҳи байналмилалии Бейрут-пойтахти Лубнон чанд зарбаи ҳавоӣ ворид карданд, ки дар натиҷа се хати парвоз ва нишасти ҳавопаймоҳо хароб шуд. Ҳоло ин фурудгоҳ баста шудааст. Гузашта аз ин бандарҳои дигари ин кишвар низ таҳти муҳосираи нируҳои Исроил даромадааст. Сабаб ин аст, ки 12-уми июл нируҳои Ҳизбуллоҳи Лубнон 2 сарбози исроилиро рабуданд ва Исроил дар ҷавоб ба чунин рафтори ҷангҷуёна фурудгоҳро зери зарбаи ҳавоӣ гирифт. Аз суи дигар, нируҳои амниятии Лубнон гуфтаанд, имруз дар ҷануби Лубнон дар натиҷаи бомборонҳои ҳавопаймоҳои Исроил 39- нафар ғайринизомиён кушта шудаанд, ки 10 нафари онҳо кудакон мебошанд. Ҳизбуллоҳ бомборонҳои Исроилро қатли ом номид ва гуфт, ки дар ҷавоб ба ин қатли ом ба шимоли Исроил ҳудуди 60 мушаки навъи Катюша партоб кардааст. Як шаҳрванди Исроил кушта 21 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико гуфт, Сурия дар ташдиди вазъ дар Ховари Миёна нақш дорад ва барои ин бояд посух гуяд. Ҷорҷ Буш ва Ангела Меркел-нахуствазири Олмон дар конфронси муштараки хабарии худ дар Стралсунди Олмон аз Башор-ал- Асад-раиси ҷумҳури Сурия дархост карданд, ки аз нуфузи худ бар Ҳизбуллоҳ истифода ва барои озодии 2 сарбози Исроилӣ кумак кунад. Вазирони хориҷаи кишварҳои арабӣ ба нақша гирифтаанд, ки дар Қоҳира мулоқоти фаврӣ баргузор ва буҳрони миёни Исроил бо Лубнону Сурия ва Фаластинро баррасӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG