Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

И бачаи рафтагима кай мебинум...


И раҳои Русияра пай мебинум,
И бачаи рафтгима кай мебинум,
Мебинум намебинум дар мегирум, Сангои хунука да ҷигар мегирум.
(Садои рубоихонии зан)

Беш аз 10 сол аст, ки қариб аз ҳар бому дар чунин замзамаҳои гулугири занону модарон ва хоҳарони раштӣ ба гуш мерасад. Бахши аъзами мардҳои қобили кори водии Рашт чун муҳоҷири корӣ дар Русия ба сар мебаранд. Манзили заноне, ки шавҳарон ва писаронашонро барои дарёфти пул ба Русия фиристода ва бори сангини таъмини хонаводаро бар души худ гирифтаанд, манзараеро мемонад, ки гуё шаҳсутуни хона шикаста, бомаш бо тамоми гаронӣ руи шонаҳои нозуки зан афтодааст. Холаи Ҳамроҳбибӣ сокини деҳаи Сафедхоки ноҳияи Рашт 56 сол дорад. Хонаводаи вай аз 15 нафар иборат аст ва ягона воситаи таъмини оилаи вай маблағҳое мебошанд, ки ягона писараш аз Руссия мефиристад.

"Ман бо духтаронам дар ҳамин замини санглох кор мекунем. Ҳамин ғарами сангро аз ҳамин замин баровардем. Чанд ҷӯя картошка коштем, баъзан субҳ меоем, ки хукҳои ваҳшӣ омада як қисматашро кофта хӯрдаанд. Писаронамонро ба Русия аз ночорӣ мефиристем. Агар онҳоро ба мардикорӣ нафиристем, аз гуруснагӣ мемирем".

Холаи Ҳамроҳбиби мегӯяд, пайваста писари мусофирашро дар хобҳои парешони худ мебинад, дар ҳолати ногувор, гоҳ пойи бараҳна руйи барф ва ё бе кӯрпаву болишт, ки руи замини сард хобидааст. Занҳое, ки дастёрони худро ба Руссия фиристодаанд, маҷбуранд, корҳои кишоварзиро аз оғози кишту кор то дараву ҷамъоварии ҳосили гандум, картошка, помидор, ҷуворӣ ва ғалладонагӣ, ки ғизои аслии мардуми кӯҳистон аст худашон анҷом диҳандМусоҳиби дигари мо Олуфта Шарифова мегӯяд, шавҳар ва се писараш ба Руссия рафтаанд ва ӯ дар кори мушкили саҳро ва таъмини оила саломатиашро аз даст додаст:

"Медонам, ки барои бачаҳои мо пул пайдо кардан дар Русия осон нест, аммо илоҷӣ дигар надорем. Ризқу рузиамонро аз замин каму беш меёбем, аммо бо ин маблағҳои ночиз тую маърака гузаронида наметавонем".

Сокини дигари ноҳияи Рашт Мастона 18 сол дорад. Ва мегӯяд бародарашро, ки 8 соли қабл ба Руссия рафта буд, дар ин солҳо боре ҳам надидааст ва ӯро сахт пазмон шудааст. Мастона изҳори нигаронӣ аз он мекунад, ки мабодо дар туйи арӯсиаш, низ бардари раҳдураш ҳузур надошта бошад:

"Дурӣ аз бародар ва дигар наздикон моро хаста кардааст. Ман бародарамро қариб 10 сол ин ҷониб надидаам. Уро пазмонам".

Замоне, ки ин гузориш омода мешуд, ман меҳмони занони деҳаи Сафедхоки ҷамоъаи деҳоти Қалъанак-воқеъ дар 20 километрии ҷануби маркази ноҳияи Рашт будам. Дар яке аз рӯзҳои гармо, ки ҳарорати гармӣ наздик ба 40 дараҷа буд, бо заноне, ки машғули каланд задан ва хишоваи ҷуяҳои картошка буданд, ҳамроҳ шудам. Ман тавонистам танҳо тақрибан 20 дақиқа дар ин гармо ҳамроҳи онҳо бимонам. Шояд камтар ҳам бошад, зеро гармои тоқатфарсои офтобро натавонистам таҳаммул кунам, аммо духтарону занони ин деҳа, ки синнашон аз 13 то 70 солро дар бар мегирад, қабл аз тулуъи офтоб то торикии шаб дар саҳро машғули кор буданд. Ҷавонзанону духтарон дар миёни ҷуяҳо ба ёди пайвандони мусофири худ, зери лаб суруди ҷудоӣ замзама мекарданд. Пирзанҳо нигаҳбони кудакон буданд ва сари гаҳвораи набераҳо то дили шаб суруди алла мехонданд:

Алла-а, бачайи ҷонум аллае-е, алла-а...,
Аллат мегум хоби ширинут бара бачаме-е-е........
XS
SM
MD
LG