Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи ҳастаии Эрон дубора ба Шӯрои Амният бармегардад


Вазири хориҷаи Фаронса Филлип Дуст Блейз гуфт, қудратҳои ҷаҳонӣ қарор кардаанд, ба маҳзи аз қатъи фаъолиятҳои ғанисози ураниумаш даст набардоштани Эрон парвандаи ҳастаии он кишварро дубора барои баррасӣ ба Шӯрои Амният (ША)-и СММ ироа кунанд. Ин тасмим дар пайи нишасти вузарои хориҷаи 5 кишвари узви доимии ША бо изофаи Олмон дар Порис эълон шуд.

Филлип Дуст Блейз гуфт, Эрон ягон аломат аз худ нишон надод, ки аз омодагии ҷиддияш барои ахзи роҳи пешниҳодии ҳалли бӯҳрони ҳастаии он кишвар дарак диҳад. Ҷон Болтон, сафири Амрико дар СММ изҳори умедворӣ кардааст, ки ША алакай ҳафтаи оянда ба баррасии тарҳи қатъномае, ки қатъи фаъолиятҳои ғанисозии ураниумашро аз Эрон талаб мекунад, хоҳад пардохт.

Музокироти раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Хавйер Солана бо раҳбари ҳайъати музокиротии Эрон Алии Луриҷонӣ дар Бруксел рӯзи сешанбе бидуни ахзи посухи Теҳрон поён ёфт.
XS
SM
MD
LG