Пайвандҳои дастрасӣ

Озарбойҷон дар дуроҳаи интихоб


Боку шаҳрест, ки бо пули нафт бунёд ёфтааст. Нахустин қасрҳои бузург як қарни пеш дар ҷануби ин шаҳр қомат афрохт, замоне, ки қарзҳои аввалин барои истихроҷи нафт ба Озарбойҷон сарозер шуд. Коршиносон мегуянд, ҳоло ин долларҳои, ба истилоҳ, нафтӣ ба ақаб ҷорӣ мешаванд, тавассути лулаи Боку-Тифлис-Ҷейҳун. Бо назардошти чунин даромад дар оғози соли ҷорӣ мақомоти Озарбойҷон афзоиши даромади нохолиси миллии солонаи кишвари худро 30 дарсад барномарезӣ карда буданд. Агар ин нукта дар назар гирифта шавад, ки то поёни соли ҷорӣ мизон интиқоли нафт тавассути ин лула рӯзе аз 300 ҳазор то ба 400 ҳазор бушка мерасад, дар он сурат чунин пешбинӣ имконпазир аст. Вале ин барои Озарбойҷон на танҳо суди иқтисодӣ хоҳад буд, балки мавқеъи ин кишварро дар арсаи байналмилалӣ таҳким мебахшад ва он ба сиёсати хориҷиаш низ асар мегузорад. Масалан, чанд ҳафта пеш Илҳом Алиев - раиси ҷумҳури Озарбойҷон дар мавриди Қарабоғи Куҳистонӣ ва мубоҳисот бо Арманистон ҳатто изҳороти ҷангҷуёна пахш кард ва чунин гуфт:

Бояд арманиҳо шуруъ кунанд ба фикр кардан, ки баъд аз як сол, ду сол, се сол Арманистон ба куҷо мерасаду Озарбойҷон то ба куҷо? Баъд аз 20 сол чӣ? Дар ин муддат Озарбойҷон танҳо аз ҳисоби нафт 140 миллиард доллар даромад хоҳад гирифт. Агар шумо ин нуктаро дар назар бигиред, ки Қарабоғи Кӯҳистонӣ мушкили рақами яки мост, албатта ман барои Озарбойҷон ҳеҷ мушкили дигаре намебинам, дар он сурат мо ин имкони хеле хубро барои тақвияти артиши худ истифода мекунем ва артиши мо тавони онро хоҳад дошт, ки дубора сарзаминҳои аз дастдодаи худро ба даст дарорем.

Ин суханонро Алиев 23-юми июн изҳор дошт. Ин суханон танҳо барои аҳолии Озарбойҷон буд ё ба ин маънӣ ҳам ҳаст, ки ин кишвар дар сиёсати хориҷии худ тағйироте ба вуҷуд меорад? Албатта, паси ин изҳорот болоравии бошиддати нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва шадидтар шудани рақобати Русияву Ғарб дар Қафқоз низ ҳаст. Бо назардошти чунин вазъ дар оянда Озарбойҷон метавонад, ба истилоҳ, дар ин бозӣ қартаҳои дигари худро боз кунад. Лулаи нафти Боку-Тифлис-Ҷейҳун ин кишварро аз пойбандии Руссия раҳо кард ва акнун нафти он ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ меёбад. Бо ин вуҷуд, таҳлилгарон мегуянд, ки акнун Озарбойҷон дар сари дуроҳӣ қарор хоҳад гирифт ва ин ду роҳ кишварро ба самтҳои мухталиф мебарад. Роҳи аввал ин ки даромади нафт ба суди демократӣ кардани ҷомеъа ва боло бурдани сатҳи зисти мардум сарф мешавад ва роҳи дуввум баръакс, яъне пул нобаробар тақсим мешавад ва заминаи нооромиҳои мардумиро дар кишвар фароҳам меорад.
Гушоиши ин луларо Анне Элизабет - сафири Амрико дар Озарбойҷон низ сутудааст ва онро намунаи хуби муносиботи кишвараш бо Озарбойҷон хондааст. Аммо Руссия чӣ? Албатта, Руссия кишварест, ки аз як қарни пеш то ба ҳол назорат бар захоири нафти Дарёи Хазарро дар ихтиёр дошт ва нафти ҳавзаи Дарёи Хазар танҳо аз қаламрави Руссия ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ меёфт. Ин суннат бо ифтитоҳи лулаи Боку-Тифлис-Ҷейҳун рузи чаҳоршанбеи 13-уми июл мешиканад ва Руссия дар мавқеъи дигари стротегӣ дар минтақаи Қафқоз қарор мегирад.
XS
SM
MD
LG