Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Укроин: роҳи наҷот куҷост?


Родиёи Озодӣ Валентин Мите Раисиҷумҳури Укроин Виктор Юшенко рӯзи чаҳоршанбе бар хотири берун шудан аз бӯҳрони порлумонӣ бо роҳбарони гурӯҳҳои сиёсии кишвар мулоқот орост. Низом дар иҷлосияи Верховная Рада як рӯз пеш баъди аз сӯи раиси порлумон Олександ Мороз эълон шудани эътилофи ҷадиди русгаро дар порлумон дарҳам рехт. Ба эътилофи нав Ҳизби минтақаҳои Виктор Янукович ва ҳизби сотсиалистиву коммунистҳои Укроин шомиланд. Ин эътилоф номзадии Виктор Януковичро ба маснади сарвазири кишвар пешниҳод кардааст. Мухолифони онҳо - ҳизби "Укроини мо"-и раиси ҷумҳур Виктор Юшенко ва иттиҳоди Юлия Тимошенко эътилофи ҷадидро ғайриқонунӣ мехонанд. Ва акнун раисиҷумҳур ҳамагӣ ду ҳафта вақт дорад то номзадии Виктор Януковичро расман ба порлумон пешниҳод кунад ваё дар бораи пароканда кардани Верховная Рада тасмим гирад.

Киев - пойтахти Укроин чун яку ним соли пеш ба майдони набардҳои сиёсӣ табдил меёбад. Дар майдони назди Верховная Рада ҷонибдорони Ҳизби минтақаҳо, сотсиалистҳо ва коммунистҳо ба хотири пуштибонӣ аз эътилофи нав гирди ҳам омадаанд. Андаке дуртар аз онҳо гирдиҳамоии дигар идома дорад - ҷонибдорони Юлия Тимошенко талаб доранд, ки раиси ҷумҳур порлумонро пароканда ва интихоботи навро таъин кунад.
Коршиносон мегӯянд, инқилоби норанҷии Украин ба бӯҳрони шадид мувоҷеҳ шудааст ва сабаби ин ихтилоф дар дохили эътилофи миёни "Укроини мо" ва иттиҳоди Юлия Тимошенкост. Ба гуфтаи Олександр Сушко, раиси Маркази сулҳ ва сиёсати берунии мустақар дар Киев, ин ихтилоф ба он овард, ки раисиҷумҳур Юшенко ибтикори сиёсиро аз даст дод ва ҳамакнун нуфузи рақиби пешини ӯ дар интихоботи президентӣ Виктор Янукович боло рафтааст. Назархоҳиҳои ахир нишон доданд, ки аз ҷумла, бештари сокинони Укроин аз мухолифати Янукович ба ҳузури НАТО дар кишвар пуштибонӣ мекунанд.

Онҳо (роҳбарони Ҳизби минтақаҳо) мавзӯъи райъпурсӣ дар ин мавзӯъро ба миён мегузоранд ва аммо дар асл ин мавзӯъ он қадар принсипӣ нест, муҳим он аст, ки Ҳизби минтақаҳо мухолифи узвияти кишвар ба НАТО мебошад.

Коршиносон сари он баҳс мекунанд, ки эътилофи нав дар сурати ба маснади сарвазирӣ пазируфта шудани Виктор Янукович чӣ гуна сиёсати хориҷиро пиёда месозад. Ҳизби минтақаҳо, аз нигоҳи Олександр Сушко, асосан сари равобит бо Русия ва кишварҳои Ҷомеъаи муштаракулманофеъ тамаркуз хоҳад кард, ҳарчанд дар мавриди ҳамкорӣ бо Русия дар бахши энерҷӣ ва дигар масоили муҳими сиёсӣ барномаи мушаххас надорад.
Олексей Коломиец, раиси Маркази пажуҳишҳои Аврупоӣ ва Трансатлантикӣ воқеъ дар Киев бо ақидаи русгаро будани Ҳизби Янукович мувофиқ аст ва аммо мегӯяд Маскав бо Киев равобитеро чун бо Белорус ва Узбакистон ба роҳ нахоҳад монд. Ва аммо, ба гуфтаи Коломиец, ҳама иқдоми алайҳи кишварҳои Ғарб аз сӯи президент ҷилавгирӣ хоҳад шуд, ба вижа, ки Қонуни асосӣ ба ӯ ин гуна ваколатро додааст:

Сиёсати хориҷӣ, тибқи тарҳи нави Қонуни асосӣ, комилан бар дӯши раиси ҷумҳур аст ва вазири умури хориҷа, вазири дифоъ ва Шӯрои амнияти миллӣ ва дифоъи Украин комилан таҳти фармони ӯ қарор доранд.

Айни ҳол сиёсатмадорони Украин роҳҳои берун шудан аз бӯҳрони феълиро меҷӯянд. Юлия Тимошенко мегӯяд, ягона роҳи раҳоӣ - баргузории интихобот нав аст. Бо ин ақида Виктор Янукович низ мувофиқ аст - ӯ ба хабарнигорон гуфтааст, Ҳизби минтақаҳо аз интихоботи нав тарс надорад ва агар ин маърака баргузор гардид, ҳизб комилан пирӯз шуда, ба гуфтаи ӯ, ба "шармандагии феълӣ" нуқта гузошта мешавад.
XS
SM
MD
LG