Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳ то Хуҷанд наздиктар мешавад


Маросими шурӯъи корҳои азнавсозии шоҳроҳи Душанбе-Айнӣ-Истаравшан-Хуҷанд-Бӯстон-Чанак, ки бештар аз 400 километр тул дорад, дар ноҳияи Варзоб бо ширкати мақомоти Тоҷикистону Чин баргузор шуд.
Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ин тарҳро, ки бо $296 миллион сармояи Чин ва $15 миллион ҳиссаи Тоҷикистон татбиқ мешавад, чун "марҳалаи нави таҷдиди роҳҳои кишвар" арзёбӣ кард ва афзуд:

Шоҳроҳи мазкур дар қатори роҳҳои бузурги Осиёи Марказӣ аҳамият пайдо карда ва тамом пойтахтҳои кишварҳои ҳамсоя, марказҳои бузурги саноатӣ, тиҷоратӣ ва туризми байналмилалӣ, бандарҳои баҳрии қаламрави Осиёву Аврупоро ба ҳам мепайвандад. Азнавсозии ин роҳ дар рушди иқтисодиёти кишвар, густариши равобити тиҷоратӣ, ҳамчунин баланд шудани сатҳи зиндагии мардум саҳми назаррас хоҳад дошт.

Ба гуфтаи Абдураҳим Ашӯров, вазири нақлиёти Тоҷикистон, тарҳи мазкур аз сӯи ширкати роҳу пулсози «China Road»-и Чин татбиқ мешавад. Тибқи созишнома, мӯҳлати бозпас гардонидани қарзи Чин 20 сол муқаррар гардида ва фоидаи ин маблағ соле ду дарсадро ташкил медиҳад.

Дар ин лоиҳа бунёди 357 километр роҳ, 6,3 километр иншооти зиддитарма, нақби мошингарди Шаҳристон, ки 6 километр тул дорад ва 60 пулҳои хурду бузург ба нақша гирифта шудааст.

Ӯ афзуд, дар бунёди роҳу иншооту нақб ҳудуди 2 ҳазор нафар фаро гирифта мешаванд, ки 70 дарсади онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд.
Чен Ю Шен, раиси ширкати «China Road» аз он ки ба ширкати ӯ эътимод карда ва таҷдиди шоҳроҳи мазкурро бар ӯҳдаи онҳо вогузоштаанд, қаноатманд аст ва мегӯяд:

Мо ҳама нерӯ ва техникаву дастгоҳҳои муосири худро ҷиҳати татбиқи ин тарҳ истифода хоҳем кард. Мутахассисони беҳтаринро барои иҷрои корҳо ва назорат дар ин тарҳ ҷалб кардаем ва бовар дорам таҷдиди ин шоҳроҳ бо сифати хеле олӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ дар мӯҳлати муқараршуда анҷом хоҳад ёфт.

Мӯҳлати анҷоми таҷдиди шоҳроҳи Душанбе-Чанак моҳи августи соли 2008 муқаррар шудааст. Ба иттилои вазири нақлиёти Тоҷикистон, пас аз анҷоми тарҳ тули ин шоҳроҳ 46 километр кӯтоҳ шуда ва ҳар километри ин роҳ ба иқтисодиёти кишвар соле то як миллион доллар фоида меорад. Муҳимтар аз ҳама, афзуд ҷаноби Ашуров, татбиқи тарҳ равуои сокинон аз шимол ба ҷануби кишвар аз тариқи ҷодаҳоро дар тамоми фаслҳои сол таъмин мекунад.
Тибқи иттилои вазорати нақлиёти Тоҷикистон, феълан дар кишвар 14 тарҳи бунёду таҷдиди роҳҳо бо ҷамъи маблағгузории як миллиарду 520 миллион сомонӣ ва ё муодили 510 миллион доллари амрикоӣ мавриди иҷро қарор дорад. То имрӯз бештар аз 500 километр роҳҳои кишвар навсозӣ шудаанд, ки барои ин беш аз $250 миллион сарф шудааст.
XS
SM
MD
LG