Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Олӣ фармондеҳи собиқро маҳкум ба зиндон кард


Додгоҳи Олии Тоҷикистон собиқ раиси шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва собиқ фармондеҳи СОБР ваё дастаи вижаи зудамали умури дохилаи устони Суғд Ҷамшед Самадовро ба 19 соли зиндон маҳкум кард, Тибқи ин ҳукм, ҳамчунин фармонҳо дар бораи ба ӯ додани рутбаи афсарии полковник ва ҷоизаҳои ҳукуматӣ лағв шуданд.Нур Нуров, раиси мурофиа гуфтааст, Ҷамшед Самадов дар содир кардани ҷиноёт аз рӯи 7 банди Кодекси ҷиноии Тоҷиистон гумонбар мешуд ва аммо додгоҳ танҳо ду иттиҳом - ширкат дар қочоқи маводи мухадир ва берун рафтан аз чаҳорчӯби масъулиятро тайид карду халос. Додситонӣ собиқ фармондеҳи СОБР-И Суғдро дар ғайриқонунӣ нигаҳ доштани муҳофизон, сӯиистифода аз мансаби давлатӣ ва бисёрзанӣ ҳам гумонбар медонист ва аммо далелҳои пешниҳодшуда, аз нигоҳи Додгоҳи Олӣ, қотеъ набудаанд.
Ҷамшед Самадов тобистони соли гузашта боздошт шуда буд - яке аз муҳофизони пешини ӯ, ки барои ширкат дар қочоқи маводи мухадир маҳкум ба зиндон шудааст, зимни тафтишот тайид кард, ки маводи мухадири аз манзилаш пайдошуда ба Ҷамшед Самадов тааллуқ дорад.
Додгоҳи Олии Тоҷикистон баррасии парвандаи собиқ фармондеҳи СОБР-и Суғдро 5 апрели соли равон шурӯъ карда буд.
XS
SM
MD
LG