Пайвандҳои дастрасӣ

7 инфиҷор дар Бомбай 135 кушта ба ҷо гузошт


Мансабдорони ҳиндӣ мегӯянд, ки бар асари ҳафт таркиши ҷудогона дар қатораҳо ва истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Бомбай камаш 135 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 250 каси дигар захмӣ шуданд.
Ба қавли мақомот фосилаи миёни ҳар таркиш дар канораи ғарбии пойтахти саноатии Ҳиндустон 15 дақиқаро ташкил дод. Полис бар ин назар аст, ки инфиҷорҳоро ҳамоҳанг кардаанд.
Шабакаҳои телевизионӣ макони таркишҳо ва рафтуомади мошинҳои кумаки таъҷилии тиббиро намоиш доданд. Шаҳрҳои асосӣ ва фурудгоҳҳои Ҳиндустон дар ҳоли омодабош қарор доранд. пеш аз ин имрӯз дар пйотахти вилояти Кашмир: шаҳри Сринагар дар натиҷаи таркиши маводи мунфаҷир 8 сайёҳ ба қатл расида буданд.
Дар паи таркишҳо ҷаласаи фавқулоддаи ҳукумати Ҳиндустон барпо шуд.
XS
SM
MD
LG