Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирини кории тоҷик дар муқобили ангезандаи HIV/AIDS осебпазиранд


Пажӯҳишро Маркази «Дина» дар давоми се моҳи ахир дар байни 300 нафар муҳоҷири кории Суғд, ки барои мардикорӣ ба Русияву кишварҳои дигар сафар мекарданд, анҷом додааст. Натиҷаи ин пажӯҳишро Дилшод Пӯлодов - сарвари маркази «Дина» дар суҳбат бо Радиои Озодӣ чунин бозгӯ кард:
« Ҳаштоду панҷ дар сади муҳоҷирони корӣ дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз ангезандаи HIV/AIDS тасаввуроти аниқ надоранд ва навад дар сади онҳо роҳи истифодаи дурусти рифола(кондом)-ро намедонанд ва тақрибан навад дар сад аз тарзу роҳҳои пешгирӣ аз бемориҳои ҷинсии сироятӣ пас аз алоқаи ҷинсӣ огоҳ нестанд. »
Ин дар ҳолест, ки дар соли равон тақрибан 300 ҳазор сокини Суғд дар Русия ва кишварҳои дигар ба мардикорӣ машғуланд. Маркази мубориза алайҳи бемории норасоии маъунияти бадан дар вилояти Суғд мегӯяд, дар соли гузаштаи милодӣ дар тани 9 сокини Суғд, ки аз мардикории Русия ба ватан баргаштааст, ангезандаи HIV -ро ошкор сохтааст. Дилшод Пӯлодов - сарвари маркази «Дина» муҳоҷирини кории тоҷикро як манбаи аслии паҳн шудани ин вабои аср дар Тоҷикистон меҳисобад ва бар он аст , ки чораи муаассири пешгирӣ аз ангезандаи бемории HIV/AIDS огоҳ кардани аҳолӣ, ба хусус муҳоҷирини корӣ аз ин бемории марговар аст.
Аммо бархе аз коршиносони маҳаллӣ дар умури бемории норасоии масъунияти бадан бар онанд, ки огоҳ намудани аҳолӣ, ба хусус -муҳоҷирин бояд лаҳзавӣ набошад ва тибқи як барномаи комил ва доимӣ сурат бигирад. Обидҷон Каримӣ - журналист ва коршиноси маҳаллӣ:
«Албатта фаҳмонидан кори хуб аст. Аммо дар баъзе ҳолатҳо барои мардуми тоҷик, ки аз рӯи русуми ниёгон тарбия меёбад, тарғиби рифола ва истифодаи он натиҷаи баръакс ҳам медиҳад. Барои ҳамин хуб мешуд, ки бачаҳо дар дарсҳо ва синфҳои алоҳида омӯзонида шавад. Муҳоҷирин корӣ бояд аз тариқи расонаҳои хабарӣ ва барномаҳои тиббии омӯзишӣ аз хатари бемориҳои ҷинсӣ, махсусан - норасоии масунияти бадан огоҳ карда шаванд. Яъне ин маърака хусусияти яклаҳзагӣ надошта бошад, балки ҷиддан ва доимӣ мувофиқи як барномаи мукаммал давом кунад
Зимнан, дар ҳоли ҳозир маркази «Дина» ягона созмони ҷамъиятист, ки дар маркази устони Суғд дар ҳамдастӣ бо Маркази алайҳи HIV/AIDS ва оҷонси назорат ба гардиши маводи мухаддири вилоят дар мавзӯъи бемориҳои ҷинсӣ ва чораҳои муҳофизат аз он барои мактабиёни синфҳои болоӣ ва донишҷӯёну муҳоҷирон суҳбату семинарҳо баргузор мекунад. Аммо ба пажӯҳиши ин марказ, маълумоти аз ҳама камтар дар бораи бемории норасоии масунияти баданро сокинони деҳнишини Суғд доранд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG