Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳолии Тоҷикистон ба 7 миллион нафар мусовӣ мешавад


Дар давоми ним соли гузашта ҷамъияти Тоҷикистон, ду дар сад афзудааст. Ин иттилоъро дар рӯзи ҷаҳонии ҷамъият Кумитаи омори Тоҷикистон интишор намуд.
Дар суҳбат бо радиои Озодӣ мутахассисони ин ниҳод гуфтанд, ки агар афзоиши аҳолӣ ба ҳамин мизон идома пайдо кунад, то моҳи сентябри соли 2006 аҳолии кишвар аз 7 миллион нафар бештар хоҳад шуд.
Елена Кислисина-сардори раёсати Кумитаи омори Тоҷикистон мегӯяд:
"Болоравии саршумори аҳолӣ аслан дар вилояти Хатлон,ҷануби Тоҷикистон ба мушоҳида мерасад. Вазъи муътадил, дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеъи марказ ва баъдан дар вилояти Суғду Бадахшон дида мешавад."
Зуҳро Аҳмадова, масъули баномаи рушди СММ оид ба нуфуси аҳолӣ, дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар Тоҷикистон ба мисли кишварҳои тамоми ҷаҳон беш аз 50 дар сади аҳолиро ҷавонони синни аз 20 поин ташкил медиҳад. Хонум Аҳмадова меафзояд:
"Таҳқиқтҳои созмонҳои байнулмиллӣ рушан кардааст, ки дар Тоҷикистон аслан ҷавонон бо мушкилоти бештаре мувоҷеҳ мебошанд. Мутассифона 70 дар сади муътодон ва беш аз 50 дар сади гирифторони вируси HIV ҷавонни синнашон аз 15 то24 сола мебошанд.Созмони мо чанд барномаи марбут ба ин масъаларо иҷрокардааст ва ҳоло чандбарномаи дигарро оид бабеҳдоштӣ,ҷилавгирӣ аз афзоиши HIV дар миёни ҷавононро руйи даст дорад."
Сафаргул Олимӣ
XS
SM
MD
LG