Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Янукович: Президентӣ нашуд, сарвазирӣ чӣ?


Имрӯз парламенти Украина дар ҳоли ҳараҷу мараҷ қарор дошт. Бесарусомонӣ баъди эълони расмии ташкили эътилофи нави рӯ ба Маскав аз тарафи раиси парламент Олександр Мороз авҷ гирифт.
Ин эътилоф аз ҳизбҳои минтақаҳо, сотсиалист ва коммунист иборат аст.
Бо ҳадафи дарёфти пуштибонии ҳизби минтақаҳо ҳангоми интихоби раиси парламент Мороз аз иттиҳод бо ҳизбҳои ташаббускори инқилоби норанҷии Украина рӯй гардонд.
Дар арафаи эълони эътилофи нав миёни қонунгузорон муноқишаи шадид сурат гирифт ва сипас вакилон аз ҳизбҳои ташаббускори инқилоби норанҷӣ минбари парламентро ишғол намуда, ҷаласаро бо бунбаст мувоҷеҳ карданд.
Сарвазири собиқи Украина Юлия Тимошенко эътилофи навро "ғайриқонунӣ" номид. Ӯ гуфт:
"Хадамоти ҳуқуқии эътилофи мо имрӯз ба хулоса омад, ки интихоби Олександр Мороз ба курсии раиси Верховна Рада ( Парламент) ғайриқонунӣ буд. Он хилофи дастурҳо ва тақозои қонунии ташкили парламент сурат гирифтааст. Ҳамзамон тасдиқ шудааст, ки танзими ба истилоҳ "эътилофи зиддибӯҳронӣ" ғайриқонунӣ мебошад. Он мухолифи Конститутсия ва чорабиниҳои парламентӣ доир шудааст."
Қонунгузорон аз ҳизби президентии "Украинаи мо" аз Виктор Юшенко раисҷумҳури ин кишвар дархост намудаанд, ки интихоботи нав даъват намояд.
Виктор Янукови раиси ҳизби минтақаҳои Украина мегӯяд, ки гурӯҳи сиёсии зери раҳбарии ӯ аз интихобот пуштибонӣ намекунад, аммо агар интихобот доир шавад ҳам, ҳизби ӯ ҳеҷ хавфе надорад. Эътилофи нав Януковичро ба курсии сарвазири Украина пешбарӣ кард.
Бар пояи қонунҳои Украина президенти ин кишвар Виктор Юшенко бояд дар давоми понздаҳ рӯз номзадии Януковичро арзёбӣ карда, сипас барои тасдиқ ба Верховна Рада ирсол намояд.
XS
SM
MD
LG