Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷонлуиҷи Буффон - барандаи ҷоизаи ба номи Лев Яшин


Дарвозабони тими мунтахаби Италия Ҷонлуиҷи Буффон беҳтарин дарвозабони чемпионати ҷаҳон дар Олмон дониста шуд. Буффон дар ҷараёни тамоми бозиҳо ягон тӯби задаи ҳарифонро сар надода, дар пирӯзии тими Италия саҳми арзанда гузоштааст. Вай бо ҷоизаи ба номи Лев Яшин, ки аз соли 1994 супурда мешавад, сафароз гардид.
То бозии ниҳоӣ бо тими Фаронса ба дарвозаи Буффон танҳо як тӯб ворид шудааст. Ин тӯбро ҳам ҳимоятгари мунтахаби Италия Кристиан Дзаккардо дар бозӣ бо ИМА (1 : 1) ба дарвозаи дастаи худ задааст. Дар бозии ҳалкунанда бо фаронсавиҳо ба дарвозаи Буффон Зайниддин Зидан аз ҷаримаи 11-метра гол задааст.
То Буффон белгиявӣ Мишел Прюддом (1994, ИМА), фаронсавӣ Фабйен Бартез (1988, Фаронса) ва олмонӣ Оливер Канн (2002, Ҷопон ва Куриёи Ҷанубӣ) барандаи ҷоизаи ба номи Лев Яшин гаштаанд.
XS
SM
MD
LG