Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рамсфелд: "Қочоқчиёни маводи мухаддир ошӯбҳои Толибонро маблағгузорӣ мекунанд"


Вазири мудофиаи ИМА Доналд Рамсфелд афзоиши хушунати Толибони афғонро бо қочоқи маводи мухаддир иртибот медиҳад. Ба фикри мансабдори баландпояи амрикоӣ кишварҳои аврупоӣ бояд дар Афғонистон фаъолтар гашта, аз рушди ин тиҷорати зараровар ҷилавгирӣ намоянд.
Рӯзи душанбе аснои зиёрат аз Тоҷикистони ҳамсарҳад бо Афғонистон Рамсфелд ҳар гуна тахминҳоро, ки таваҷҷӯҳи Амрико ба Ироқ боиси рушди қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон мебошад, беасос хонд.
Низомиёни ИМА ва мансабдорони бахши мубориза бо ҳамлу нақли ғайриқонунии маводи мухаддир бар ин ақидаанд, ки қочоқчиёни маводи мухаддир фаъолияти Толибонро маблағгузорӣ мекунанд.
Вазири мудофиаи ИМА дар нишасти матбуотии баъди мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, ки тақозо ба маводи мухаддир дар Аврупои ғарбиву Русия зиёд аст. Рамсфелд изҳори нигаронӣ кард, ки дар ниҳояти амр мафоди ин тиҷорати ғайриқонунӣ ба рушди равандҳои демократӣ дар Афғонистон халал эҷод мекунад. Ӯ илова кард:
"Вақте ин қадар пули зиёд дар гардиш асту мардуме ба монанди Толибон ҳузур доранд, имконе вуҷуд дорад, ки фаъолияти онҳо бо роҳҳои гуногун маблағгузорӣ шавад."
Ба қавли вазири мудофиаи ИМА пирӯзии Афғонистон ба манфиати кишварҳои Аврупои ғарбӣ мебошад. Аз ин рӯ, ин мамолик бояд баҳри муваффақияти Афғонистон талоши бештари худро дареғ надоранд.
Дар татбиқи амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон Тоҷикистон коршарики стратегии ИМА мебошад. Тоҷикистон иҷозат додааст, ки ҳангоми рафтуомад ба Афғонистон ҳавопаймоҳои амрикоӣ дар қаламрави ин ҷумҳурӣ аз маводи сӯхт таъмин шаванд. Ҳамчунин Тоҷикистон ҳарими ҳавоии худро ба парвози ҳавопаймоҳои амрикоӣ боз намудааст.
Аввалин сафари имсолаи Рамсфелд ба Тоҷикистон дар ҳоле ба вуқӯъ пайвастааст, ки хушунати Толибон дар баъзе бахшҳои Афғонистон рӯ ба афзоиш аст.
Вазири мудофиаи ИМА иброз дошт, ки кишвараш кумак ба Тоҷикистон дар таъмини амнияти марз ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро идома медиҳад. Рамсфелд тафсилот надод, ки дар мубориза бо ҳамлу нақли ғайриқонунии маводи мухаддири Афғонистон Вашингтон аз мақомоти Тоҷикистон чӣ интизорӣ дорад.
Дар нишасти матуботии бегоҳи рӯзи душанбе вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Талбак Назаров таъкид кард, ки афзоиши муқовимати Толибон Афғонистонро бо таҳдид мувоҷеҳ мекунад, вале масъулити ин вазъро набояд бар дӯши Тоҷикистон вогузор намуд. Ӯ афзуд:
"Вазъ ташвишовар буда, барои муваффақияти мубориза бо ҳамлу нақли ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамоҳангии кӯшишҳои эътилофи байналмилалии зидди терроризм, кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон ва ҳатман ҳамаи афғонҳо зарур аст".
Дар идомаи нишасти матбуотӣ Рамсфелд гуфт, ки сарфи назар аз афзоиши хушунат дар Афғонистон Вашингтон тасмим надорад, ки ҳузураш дар кишварҳои Осиёи Марказиро тавсеа бахшад.
Дар Тоҷикистон аз 3 то 5 ҳазор сарбози Русия мустақар мебошанд. Бар илова бо ҳадафи дастгирии нерӯҳои паймони Нато дар Афғонистон дар фурудгоҳи шайри Душанбе шумори муайяни афсару сарбозони фаронсавӣ ва ҳавопаймоҳои ҷангии Мираж 2000-и ин кишвар ҷойгир мебошанд.
XS
SM
MD
LG