Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқаи ёдбуди Абдулло Муродов оғоз шуд


Нарзуллоҳи Латиф

Мусобиқаи ҷумҳуриявии тимҳои баскетболи наврасон барои дарёфти ҷоизаи ёдбуди устоди варзиш Абдулло Муродов, яке аз поягузорони баскетбол дар Тоҷикистон бо ширкати 12 даста рӯзи сешанбеи 11 июл дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Алимуҳаммад Мирзоев, раиси кумитаи тарбияти бадан ва варзиши шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мусобиқа, ки барои чаҳорумин бор баргузор мешавад, ба ҷашни 70-умин солгарди зодрӯзи шодравон Абдулло Муродов бахшида шудааст.
Вай афзуд, мусобиқа бо ширкати шаш тими духтарона ва шаш тими писарона аз шаҳру навоҳии Душанбе, Қӯрғонтеппа, Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ ва Ваҳдат дар толори мактаби махсуси варзишии кӯдакону наврасони захираҳои олимпӣ оид ба бозиҳои варзишӣ то рӯзи шанбеи 15 июл идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG