Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Рамсфелд бо Раҳмонов


Эмомалӣ Раҳмонов, раисиҷумҳури Тоҷикистон шоми дирӯз, 10 июл дар мулоқот бо Доналд Рамсфелд, вазири дифоъи Амрико дар Душанбе гуфтааст, Тоҷикистон ҷонибдори бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ ҳалл кардани баҳси ҳастаии Эрон аст. Оқои Раҳмонов гуфтааст, роҳандозии муколама байни Амрикову Эрон метавонад як роҳи мақбули ҳалли мушкилоти ҷамъшуда шавад.

Раҳмонов ва Рамсфелд дар ин дидор ҳамчунин вазъи Афғонистонро низ баррасӣ кардаанд. Эмомалӣ Раҳмонов хостори тавсиъаи кӯмакҳо ба Афғонистон, ба хусус ҷиҳати тақвияти нирӯҳои мусаллаҳи он кишвар ва ҳамчунин ба хотири тақвияти мубориза бо кишту қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон шудааст.

Доналд Расфелд, ки бо як сафари дурӯза аз шоми душанбе дар Тоҷикистон ба сар мебарад, пеш аз тарки Вошингтон карданаш гуфтааст, ки Амрико дар мавриди истифодаи қаламрави Тоҷикистон ба хотири ҳимоят аз фаъолияти нирӯҳояш дар Афғонистон манфиатдор аст. Феълан ба ин хотир аз қаламрави Тоҷикистон танҳо як теъдод аз нирӯҳои Фаронса, мустақар дар фурудгоҳи Душанбе, истифода мебаранд. Аммо дар ин бора, ки оё ин мавзӯъ дар дидори Рамсфелду Раҳмонов матраҳ шуда ё хайр, гузорише ҳанӯз ба даст нарасидааст.

Қарор аст, Доналд Рамсфелд бо ҳамтои тоҷики худ Шералӣ Хайруллоев низ як мулоқот анҷом диҳад. Аз замони шурӯъи амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон дар пайи ҳамлаҳои рӯзи 11 сентябри соли 2001 вазири дифоъи Амрико бори севвум аст, ки ба Тоҷикистон сафар мекунад. Бино ба хабарҳои таъйидношуда, эҳтимол меравад, Рамсфелд ба думболи Тоҷикистон аз Афғонистон низ дидан кунад.
XS
SM
MD
LG