Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар бузургтарин корхонаи насоҷҷӣ


Тибқи иттиллои дафтари матбуоти раёсати сӯхторнишонии вазорати дохилаи Тоҷикистон, ҳудуди 1200 метри мукааб бинои маъмурияти Корхонаи нассоҷии тоҷик дар коми оташ сӯхтааст. Тағоймурод Эшзода, сухангӯи раёсати оташнишонии вазорати дохилаи Тоҷикистон гуфт, оташ дар давоми ду соат хомӯш карда шуд, вале феълан иллати сар задани оташсӯзӣ ва ҳаҷми хисороти ворида мушаххас нашудааст.
Ба гуфтаи Оқои Эшзода бар асари оташсӯзӣ ҳамчунин касе осеб надидааст, вале ин дуввумин мавриди оташсӯзии бузург дар соли ҷорӣ аст: "Дар давоми соли ҷорӣ ҳудуи 600 мавриди оташсӯзӣ дар кишвар сабт шудааст, ки хисороти ворида ҳудуди як миллион сомонӣ буда ва 36 нафар сокинон, аз ҷумла 26 кӯдак дар ин оташсӯзиҳо ҷони худро аз даст додаанд."
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои кумитаи амволи Тоҷикистон Корхонаи насоҷии тоҷик ба музояда гузошта шудааст, вале дар музоядаи нахустин нархи корхонаи мазкур, ки 13,5 миллион сомонӣ муқарар гардид, харидор пайдо накард. Аммо масъулони кумитаи мазкур гуфтанд, дар музоядаи дуввум корхонаи нассоҷии тоҷик, ки ҳудуди чаҳор ҳазор коргар дорад, бо нархи се баробар пойин аз арзиши дар музоядаи аввал муқараршуда фурухта хоҳад шуд.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG