Пайвандҳои дастрасӣ

Рамсфелд аз Тоҷикистон боздид мекунад.


Дар чаҳорчӯби як сафари расмӣ Доналд Рамсфелд вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико имрӯз 10 июл аз Тоҷикистон боздид ба амал меорад. Дафтари матбуъоти вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо эъломи ин хабар ба радиои Озодӣ иттилоъ додааст, ки интизор меравад баъд аз зӯҳри имрӯз даҳуми июл вазири дифоъи Амрико вориди пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе гардад. Бино ба иттилоъи ҳамин манбаъ ба маҳзи вуруд ба шаҳри Душанбе Доналд Рамсфелд вазири дифоъи Амрико бо Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистон дидору мулоқот анҷом медиҳад. Мувофиқи барномаи сафар дар назар аст вазири дифоъи Амрико ҳамчунин бо Шералӣ Хайруллоев вазири дифоъи Тоҷикистон ва дигар мақомоти марбутаи ин кишвар низ мулоқот намояд. Ҳамчунин қарор аст вазири дифоъи Амрико дар ҷараёни боздиди худ аз Тоҷикистон аз яке аз қисмҳои низомии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дидан намояд.
Гуфта мешавад баъд аз дидор бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар назар аст нишасти муштараки хабарии Доналд Рамсфелд вазири дифоъи Амрико ва Талбак Назаров вазири умури хориҷаи Тоҷикистон доир гардад.
Сафари Доналд Рамсфелд вазири дифоъи Амрико ба Тоҷикистон кӯтоҳмуддат аст ва он ду рӯз идома меёбад.
XS
SM
MD
LG