Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз дар Русия рӯзи мотами миллист


Бо дастури президенти Русия Владимир Путин имрӯз дар саросари он кишвар ба ёди қурбониҳои садамаи ҳавопаймои мусофирбар дар фурудгоҳи Иркутск рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст.

Мақомоти Русия шумори афроди кушташуда дар асари суқути ҳавопаймои мусофирбар дар фурудгоҳи шаҳри Иркутск дасти кам 122 нафар ҳисоб мекунанд. Ин ҳавопаймо, ки ба ширкати С7, ки қаблан Сибир ном дошт, тааллуқ гирифта, дар масири Маскав - Иркутск парвоз мекард, дар маҷмӯъ 200 мусофир доштааст. Аз ин шумор 11 нафар бо пойи худ аз ҳавопаймои суқуткарда берун рафта ва 52 тани дигарро ба бемористонҳо мунтақил кардаанд. То кунун сарнавишти 15 нафари дигар номаълум боқӣ мемонад.

Хабаргузориҳои русӣ мегӯянд, дар байни кушташудагон 14 кӯдаки зери 12-сола ва 12 хориҷӣ, аз ҷумла 2 озарӣ, 2 беларус, 2 лаҳистонӣ, 3 олмонӣ ва 3 чиноӣ низ будаанд. Муҳаммади Эгамзод, сухангӯи сафорати Т дар Маскав ба РО гуфт, ба маълумоти онҳо, дар байни қурбониҳои фоҷиъаи Иркутск шаҳрвандони тоҷик набудаанд.
XS
SM
MD
LG