Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Итолиё 1; Фаронса 1 (дар пенолти Итолиё 5; Фаронса 3)


Итолиё барои чаҳорумин бор мақоми қаҳрамонии футболи ҷаҳонро ба даст овард. Бозии ниҳоии миёни Итолиёву Фаронса - муҳимтарин бозии Ҷоми Ҷаҳонии футбол 2006 оғозе пур аз уфту хез дошт. Дар натиҷаи яке аз ин уфту хезҳо тими Фаронса имкони задани зарбае ҷаримаиро дарёфт кард ва дар дақиқаи 7 Зайниддин Зидон, сардастаи Фаронса тӯби нахусти тимашро вориди дарвозаи Итолиё кард. Наҳваи вуруди ғайриодии тӯб барои муддате итолиёиҳоиро сардаргум кард, аммо баьдан равшан шуд, ки голи Зидон ба самар расидааст. Дар паи он буд, ки Итолиё ба тасфияи ҳисоб шитофт ва дар дақиқаи 19 зарбаи Марко Матераззи аз тими Итолиё ҳисобро баробар кард. Нимаи нахуст бад-ин гуна поён ёфт. Нимаи дуввуми бозӣ ҳисобро тағйир надод ва замони изофии бозӣ оғоз шуд.

Дар дақиқаи 20 замони изофӣ Зайниддин Зидон аз сари хунгармӣ Матераззиро аз тими рақиб ба зарби сар зад ва ба замин афканд, ки дар натиҷа довари мусобиқа бо судури корти сурх ӯро ба берун аз майдон фиристод. Бо берун рафтани Зидон аз майдон шонси Фаронса ба пирӯзӣ коҳиш ёфт. Замони изофӣ ҳам пирӯзи мусобиқотро таъйин накард ва зарбаҳои пенолти ба унвони танҳо роҳи таъйини барандаи бозиҳо боқӣ монд. Дар ҷараёни пенолти Итолиё бо ҳисоби 5 бар 3 бар Фаронса пирӯз шуд.
XS
SM
MD
LG