Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳавопаймои суқуткарда шаҳрвандони Тоҷикистон набуданд


10 июл дар Русия ба хотири қурбониёни суқути ҳавопаймо дар Иркутск рӯзи мотами миллӣ эълон шуд. Дар ин бора Владимир Путин - раисиҷумҳури Русия фармон имзо кард. Ейрбаси А 310-и ширкати ҳавопаймоии "Сибир", ки аз Маскав ба Иркутск парвоз мекард, ҳангоми пойин шудан дар фурудгоҳи ин шаҳри минтақаи Сибир ғайриинтизор аз майдони парвоз берун шуд ва баъди бархурд ба иншоотҳои канори фурудгоҳ оташ гирифт. Тибқи иттилоъи пешакӣ, аз 200 сарнишини ҳавопаймо беш аз 120 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳудуди 70 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористонҳои шаҳр интиқол дода шуданд. Хабаргузориҳои Русия бо такя ба вазорати ҳолатҳои изтирории Русия менависанд, ки баъди ҳодиса 11 тан аз мусофирон тавонистанд ҳавопайморо мустақилона тарк кунанд. Ба иттилоъи вазорати ҳолатҳои изтирории Русия, дар ин ҳодиса чанд тан аз шарҳрвандон хориҷӣ низ ба ҳалокат расидаанд. Мо бо сафорати Тоҷикистон дар Маскав телефонӣ тамос гирифтем ва аз сухангӯи сафорат Муҳаммади Эгамзод суол кардем, ки миёни сарнишинони ҳавопаймо шаҳрвандони Тоҷикистон буданд ё на? Ӯ гуфт:

Дар робита ба ин ҳодиса сафорати Тоҷикистон дар Маскав расман ба мақомоти марбутаи Русия муроҷиат кардааст. Тибқи иттилоъи пешакие, ки феълан сафорат зери даст дорад, миёни осебдидагон ва қурбониён ягон нафар шаҳрванди ҷумҳурии Тоҷикистон нест.

Айни ҳол пажуҳиши сабабҳои фоҷиа идома дорад. Мутахассисон ҳатс мезананд, ки ҳодиса шояд бар асари оташ гирифтани чархҳо ваё аз кор мондани таҷҳизоти идораи ҳавопаймо рух дода бошад.
Тайи 12 соли ахир бори чаҳорум аст, ки дар Иркутск ҳавопаймоҳо суқут мекунанд. Моҳи январи соли 1994 суқути ҳавопаймои ТУ-154 мунҷар ба ҳалокати 124 нафар шуд. Моҳи декабри соли 1997 бар асари суқути ҳавопаймои АН-124 ҳамаи 72 сарнишин ба ҳалокат расиданд. Бузургтарин фоҷиа дар Иркутск панҷ соли пеш рух дода буд ва суқути ҳавопаймои ТУ-154 боиси марги 145 нафар гардид.
XS
SM
MD
LG