Пайвандҳои дастрасӣ

Иёлоти муттаҳида барои музокирот бо Куриёи Шимолӣ омода аст


Иёлоти муттаҳида аз пешниҳоди Чин барои доир кардани гуфтушуниди ғайрирасмии шашҷониба бо ширкати Куриёи Шимолӣ пуштибонӣ кард. Дар ин музокирот вазъи баъд аз озмоишҳои ахири мушакҳои Куриёи Шимолӣ ба вуқуъпайваста баррасӣ мешавад. Кристофер Ҳилл, ёвари Котиби давлатии Иёлоти муттаҳида, ки бо як сафари хидматӣ дар Куриёи Ҷанубӣ қарор дорад, изҳор намуд, кишвараш барои мулоқоти дуҷониба бо ҳайати Пхенян дар долонҳои ин гуфтушунид омода аст. Ҷаноби Ҳилл зимни сафар ба кишварҳои Осиё мехоҳад вокуниши байнулмилалӣ ба озмоишҳои ахири Куриёи шимолиро ҳамоҳанг созад.
Озмоши ахири мушакҳо аз сӯи Куриёи Шимолӣ бӯҳрон дар нимҷазираи Куриёро амиқтар кард. Ин бӯҳрон авоили соли 2003 баъди он шурӯъ шуд, ки Пхенян аз Қарордоди ҷилавгирӣ аз густариши силоҳи атомӣ хориҷ шуд.
Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури Иёлоти муттаҳида дар як нишасти хабарӣ дар Чикаго дар бораи қазияи Куриёи Шимолӣ гуфт:

Раҳбари Куриёи Шимолӣ интихоб дорад. Ӯ метавонад аз барномаҳои низомии худ даст кашад ва озмоиши мушакҳоро қатъ кунад ва ба ин васила ба мардуми худ кумак намояд. Ман фикр мекунам, ки мо инро ба ӯ бояд дастҷамъона бифаҳмонем.

Рӯзи шанбе Ҷопон аз Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид даъват кард, ки раъйдиҳӣ ба тарҳи қатъномаи эъмоли таҳримҳо алайҳи Куриёи Шимолӣ ҳарчӣ зудтар сурат гирад. Ин тарҳ аз сӯи Ҷопон, Бритониё, Иёлоти муттаҳида ва Фаронса таҳия ва ба Шӯрои амнияти Созмони милал ироа шудааст. Ду узви доимии Шӯрои амният Чин ва Русия тақозо доранд, ки дар мавриди барномаи мушакии Куриёи Шимолӣ аз мавзеъи нармтар кор гирифта шавад.
Ва аммо сафирони чанд кишвар, аз ҷумла, Ҷопон, Фаронса ва Иёлоти муттаҳида гуфтанд, ки райъдиҳӣ оид ба қатънома дар Шӯрои амният шояд рӯзи душанбе, 10 июл сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG