Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Укроин як эътилофи нав ташкил шуд


Ҳизби Минтақаҳои Укроин, ки як ҳизби рӯ ба Русия ва умдатарин ҳизби мухолифи давлати Укроин дар порлумони ин кишвар ба шумор меравад, барои иҷоди эътилоф бо ҳизбҳои Сусиёлист ва Кумунист тавофуқномае имзо кардааст. Бино бар ин муъомилаи сиёсӣ, қарор аст Виктор Янукович, нахуствазири пешини Укроин, дубора ба мақоми нахуствазирӣ бирасад. Ин тавофуқномаи ногаҳонӣ соъоте пас аз он имзо шуд, ки Виктор Юшченко, раисиҷумҳурии Укроин ва умдатарин рақиби сиёсии оқои Янукович хабари шикасти талошҳои давлат барои иҷоди як эътилофи аҳзоби либеролро эълом кард. Ин ошуфтагии сиёсӣ дар паи интихоби Олександер Мороз, раҳбари Ҳизби Сусиёлист ба унвони раиси порулмони Укроин буруз кард. Оқои Мороз бо ҳимояти Ҳизби Минтақаҳо ба ин мақом баргузида шуд ва бад-гуна паймони пешини ҳизби Укроини Мо ба раҳбарии Виктор Юшченко ва муттаҳидони вай дар эътилофи Инқилоби Норинҷӣ ба нокомӣ анҷомид. Вазъияти эътилофи тоза ва худи порлумон ҳанӯз рӯшан нест. Бино бар Қонуни Асосии Укроин, дар зарфи 30 рӯз пас аз иҷлоси нахусти порлумон, як эътилоф бояд шакл бигирад. Ин зарбулъаҷал тақрибан ду ҳафта пеш ба сар расид ва акнун оқои Юшченко дорои ин ҳаққи назарӣ ё теуретик аст, ки порлумонро мунҳал кунад.
XS
SM
MD
LG