Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳодияи Урупо аз Исроил интиқод кард


Иттиҳодияи Урупо давлати Исроилро ба истифода аз нирӯи бетаносуб алайҳи фаластиниҳо дар Ғазза ва бадтар кардани вазъияти буҳрони башарӣ дар он ҷо муттаҳам кардааст. Матти Ванҳанен, нахуствазири Финлонд, ки кишвараш раёсати давраии Иттиҳодияи Урупоро ба уҳда дорад, ин изҳоротро дар ҷараёни дидораш аз шаҳри Санкт Петербурги Русия ирод кард. Ин барои нахустин бор пас аз боздошти сарбози исроилӣ тавассути пайкорҷӯёни фаластинист, ки Иттиҳодияи Урупо бад-ин шиддат аз наҳваи бархурди Исроил бо ин буҳрон интиқод мекунад. Аз сӯи дигар, Куфӣ Аннон, дабири кулли Созмони Милал аз исроилиҳо ва фаластиниҳо хостааст, ки ба хотири "мардуми ғайринизомӣ"-и минтақа ақибнишинӣ кунанд. Вай хостори поён додан ба истифодаи бетаносуб аз нирӯ тавассути Исроил, озодии Гилад Шалит - сарбози дарбанди исроилӣ ва поёни партоби мӯшакҳо ба хоки Исроил шуд. Дар ҳамин ҳол, Ави Дихтер - вазири амнияти оммаи Исроил гуфтааст, ки кишвараш метавонад шуморе аз зиндониёни фаластиниро дар паи раҳоии сарбози дарбанди исроилӣ ва қатъи ҳамалоти мӯшакии пайкорҷӯёни фаластинӣ озод кунад. Оқои Дихтер гуфт, дар сурати озодии сарбози исроилӣ ва дарёфти ваъдаи фаластиниҳо мабнӣ бар қатъи ҳамалот, давлати Исроил "ба наҳваи озодсозии зиндониёни фаластинӣ ба унвони як жест (ҳаракат)-и ҳусни ният" хоҳад андешид. Зоҳиран ин суханони вазири исроилӣ вокунише буд ба пешниҳоди Миср. Давлати Миср пешниҳод карда буд, ки пайкорҷӯёни фаластинӣ сарбози дарбанди исроилиро раҳо кунанд ва қавл диҳанд, ки ҳамалоти мӯшакии худро мутаваққиф хоҳанд кард, то баъд аз он Исроил шуморе аз зиндониёни фаластиниро озод кунад. Дар ин миён, нирӯҳои исроилӣ дар шаҳраки Байт Лаҳия воқеъ дар шимоли Борикаи Ғазза дастикам чаҳор фаластиниро куштаанд. Ҳамалоти Исроил ба Ғазза ҳудуди ду ҳафта пеш дар паи он оғоз шуд, ки гурӯҳҳои фаластинӣ як сарбози исроилиро ба асорат гирифтанд. Ба гуфтаи артиши Исроил, ҳадафи ҳамлаи ахири он ба Ғазза як гурӯҳи мардони мусаллаҳ будааст.
XS
SM
MD
LG