Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умедвории САҲА аз Кумиссиюни марказии интихобот


Андрей Шугуров - муовини раҳбари Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 7 июл аз ҷараёни омодагии Кумиссиюни интихобот ва раъйпурсӣ дар мавриди баргузории интихоботи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кард. Аммо вай ҳамзамон гуфт: "Ман метавонам бо боварӣ бигӯям, ки Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон камбудиҳои сабткардаи нозирони байналмилалӣ дар ҷараёни интихоботи парлумонии соли 2005-ро хеле ҷиддӣ қабул кард. Мутмаинам, кореро, ки феълан кумиссиюни интихобот ва раъйпурсӣ дар мавриди ислоҳи ин камбудиҳо бо аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ анҷом медиҳад, дар интихоботи соли ҷории раёсати ҷумҳур натоиҷи мусбат хоҳад дод. Ва интихоботи раиси ҷумҳур ҳаддалимкон ба меъёрҳои байналмилалӣ наздик доир хоҳад гашт."
Дар ҳамин ҳол Исроил Шоев, узви комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфт, ин комиссиюн дар интихоботи раиси ҷумҳурӣ иштибоҳҳои қаблиро дубора такрор нахоҳад кард ва барои баргузории интихоботи шаффофу демократӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард.
Аммо ин дар ҳолест, ки Раҳматулло Валиев, муовини раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон аз фаъолияти Комиссиюни интихобот ва раъйпурсӣ нигаронӣ дорад ва мегӯяд, ин комиссиюн ҳатто ба пешниҳодоти аҳзоби сиёсӣ дар мавриди баргузории интихобот ҳанӯз ҳам посух надодааст, ки оё ин пешниҳодот пазируфта шудаанд ва ё не: "Мо ба хулосае омадем, ки раванди демократикунонии системаи интихоботӣ бисёр дар сатҳи паст аст. Қонуни конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба интихоботи президент, шаффофият ва раванди демократикунонии интихоботи президентиро таъмин намекунад."
Бо таваҷҷӯҳ ба интихоботҳои қаблӣ намояндагони аҳзоби сиёсии мухолиф ҳамчунин изҳори нигаронӣ карданд, дар сурате, ки бештар аз як миллион нафар интихобкунандагони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар муҳоҷиранд ва имкони раъй додан надоранд, намешавад нишондоди Комиссиюни интихобот ва раъйпурсии кишвар дар мавриди ширкати интихобкунандагонро дар интихобот воқеӣ унвон кард.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG