Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари хуши Бонки Ҷаҳонӣ барои ҳукумати Тоҷикистон


Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ ризоият додааст, то барои кӯмак ба ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон, муассирияти фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва рушди бахши хусусиву, таъмини беҳтари хадамоти иҷтимоӣ ба ин кишвар 15 миллион доллар кӯмаки бебозгашт дода шавад.
Даҳ миллион доллари ин маблағ барои беҳтар кардани шароит ҷиҳати рушди бахши хусусӣ, такмили фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва дар маҷмӯъ ироаи хадамоти аслии давлатӣ ба мардум масраф мешудааст. Дар баёнияи Бонки Ҷаҳонӣ, ки имрӯз, 7 июл нашр шуд, омадааст, кӯмаки мазкур ҳамчунин барои шаффофияти фаъолияти бархе аз сохторҳои асосии давлатӣ равона карда мешавад.
Аннет Диксон - мудири Бонки Ҷаҳонӣ дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ - гуфтааст: "Тоҷикистон пас аз хатми ҷанги харобиовари шаҳрвандӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва шароити иҷтимоӣ ба натиҷаҳои чашмгире даст ёфтааст." Ба гуфтаи ӯ, акнун Тоҷикистон барномаи наверо ҷиҳати беҳбуди шароит барои соҳибкорӣ шурӯъ мекунад ва ду тарҳи кӯмакӣ, ки Бонки Ҷаҳонӣ тасвиб кард, ба талошҳои ҳукумат ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва фаъолияти беҳтари худи ҳукумат мусоидат хоҳанд кард.
Ҷавдат Денизер раҳбари намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Душанбе гуфтааст, ҳар ду тарҳ ба таъмиқи ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва коҳиши камбизоатӣ дар чанд соли оянда кӯмак хоҳад кард. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, бо вуҷуди коҳиш, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ҳамчунон баланд аст ва даромади солонаи мардуми он 310 долларро ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз соли 1993 ба узвияти Бонки Ҷаҳонӣ пайваста ва аз он замон то кунун аз ин ниҳоди молиявӣ 415 миллион доллар қарз ва кӯмакҳои бебозгашт гирифтааст.
XS
SM
MD
LG