Пайвандҳои дастрасӣ

Саъйи Ҳизби Наҳзат барои ҷалби ҳимояти мардум


Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон яке аз аҳзоби бонуфузи кишвар, бо баргузории як ҷаласа аз таъсиси ситоди интихоботии худ дар ноҳияи Рашт воқеъ дар 170 - километрии шарқи Душанбе эълом дод. Муҳаммадхоҷа Вазиров - раиси бахши ҳизб дар ноҳия - ҳадаф аз таъсиси ситодро омодагии ҳамаҷониба ба интихоботи қарибулвуқӯъи раиси ҷумҳурӣ арзёбӣ намуд ва гуфт: "Бо ташкили ситод мо барои ҷамъоварии имзоҳо гурӯҳҳое ташкил намудем, ки аз аъзои Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва шахсоне, ки ҷонибдори номзаде, ки мо ба мансаби раиси ҷумҳур пешниҳод мекунем, ҳастанд, имзо ҷамъ оварда истодаанд. Шахсони масъули мо программаи интихоботиро дар ҷамоатҳо ба мардум фаҳмонда истодаанд."
Аммо Муҳаммадхоҷа Вазиров номзади эҳтимолии Ҳизби Наҳзат ба маснади раиси ҷумҳурро ном набурд. Дар ҳамин ҳол Илёсиддин Саидҷаъфаров - раиси бахши Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, мегӯяд, беҳтар аст, Ҳизби Наҳзат дар доираи як эътилоф бо ҳизбҳои дигар вориди муборизаҳои интихоботӣ шавад, зеро ин ҳизб дар интихоботҳои қаблӣ яккаву танҳо натавонистааст, комёб шавад:
"Агар Ҳизби Наҳзат номзади худро дар интихоб пешбарӣ кунад ва танҳо ба муваффақияти баланд ноил намешавад ва хуб мешавад, ки агар Ҳизби Наҳзат, Ҳизби Демократ ва Ҳизби Сотсиал-Демократ як коалитсия таъсис дода ва як номзадро пешбарӣ кунанд ва дар интихобот мубориза баранд."
Ҳамзамон раиси бахши раштии Ҳизби Наҳзат Муҳаммадхоҷа Вазиров рафтан ба интихобот дар доираи як эътилофро рад накард, аммо вай гуфт, онҳо омодаанд, бо аҳзобе, ки барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Наҳзатро дастгирӣ мекунанд, эътилоф ташкил намояд.
Маҳмуди Шодӣ, Рашт
XS
SM
MD
LG