Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғалабаи сарбозони тоҷик


Дар шашумин давраи спартакиада ё мусобиқоти артишҳои кишварҳои муштаракулманофеъ, ки дар вилояти Самараи Русия баргузор шуд, тими CSKA - Бошгоҳи марказии варзишии низомии вазорати дифоъи Тоҷикистон ҳамагӣ ҳашт медал - ду нуқра ва шаш биринҷӣ ба даст овард.

Фаридун Маҳмадалиев, раҳбари дафтари матбуоти Вазорати дифоъи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, варзишгарони тоҷик дар ду навъи рақобатҳо - армспорт ва давидан ба масофаи 100 метр ҷойи дуввумро касб карданд. Ҳамчунин чаҳор нафар дар гуштии озод, якнафарӣ дар давидан ба масофаи 3 километр ва тирандозӣ аз автомати АКС мақоми севвумро соҳиб шуданд. Спартакиадаи мазкур, ки бо ширкати наздик ба 300 варзишгар аз Русия, Украина, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон доир шуд, бо пирӯзии тими мунтахаби Русия хотима ёфт.

Ва як хабар барои мухлисони футбол. Тими «Хима»-и Душанбе дар охирин дидори худ дар давраи аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар меҳмонӣ аз тими «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи ғайричашмдошт - 0 бар 3 шикаст хӯрд. Ин аввалин бохти «Хима» дар мусобиқаи имсола мебошад. Вале мавқеъи «Хима» дар ҷадвали мусобиқа тағйир наёфтааст.

Душанбегиҳо бо 24 имтиёз дар ҷойи севвум қарор доранд. Тимҳои «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо 25-имтиёзӣ ва бо назардошти таносуби тӯбҳо мутаносибан ҷойҳои якуму дуввумро ишғол мекунанд. Танҳо тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки бо 19 имтиёз дар зинаи панҷум аст, имкон дорад, дар сурати пирӯзӣ дар ду бозии охирини давраи аввал рӯзи 9 июл дар меҳмонӣ бо «Саройкамар»-и Панҷ ва 11 июл дар майдони худ бо «Динамо»-и Душанбе ба пешсафон баробар шавад.
XS
SM
MD
LG