Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чордаҳ ҳазор ҷавони саргардони тоҷик


Маъмулан мушкили аввали хатмкунандагони тоҷик ин дарёфти ҷойи кори хубу седаромад аст ва ин фикр аксари ҷавонони тоҷикро ҳанӯз аз солҳои аввали донишҷӯйӣ дунболагир аст. Аммо то куҷо хатмкунандагони имсола дар дарёфти ҷойи кор муваффақ мешаванд ва умуман ин муттахассони ҷавон чӣ нақшаҳо доранду, сарнавишти онҳо чӣ гуна хоҳад буд?

Ҳокимхон Валиев намояндаи вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, ин вазорат саъй мекунад хатмкунандагонро бо ҷойи кор таъмин намояд:

"Пеш аз ҳама он донишҷӯёне, ки хоҳиши аз рӯи ихтисоси худ кор карданро доранд, албатта таввасути вазоратҳое, ки донишгоҳҳои тобеъи он ҳастанд, бо роҳхат ба ҷойи кор ва бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд."

Аммо ба назари хатмкунандагон корҳое, ки пешинҳод мешавад, талаботи онҳоро қонеъ ва барои таъмини мустақилияти иқтисодии онҳо мусоидат намекунад. Ва маҳз бо ҳамин иллати камии маош қисмати дигари донишҷӯён аз рӯи итисоси худ кор кардан намехоҳанд.

Неъмат, факултаи шарқшиносии Донишгоҳи Миллиро имсол хатм мекунад. Вай чашм ба сӯи Русия духтааст, то ки бо пайдо кардани коре дар он ҷо истиқлоли иқтисодии хешро муваққатан ҳам бошад, таъмин кунад:

"Бо маошҳои ин ҷо зиндагӣ кардан имкон надорад, барои ҳамин аввал бояд ба Русия рафта кор карда пул ҷамъ кардан даркор, ки мустақил шавем. Ва баъд оҳиста оҳиста мувофиқи ихтисоси худ кор мекунам."

Ба қавли қисмати дигари хатмкунандагон ва ё муттахасисони ҷавон барои дарёфти ҷойи кори хуб дар шароити феълии Тоҷикистон ҳатман воситае лозим аст:

"Масалан ман Донишкадаи Андоз ва Ҳуқуқро хамт мекунам ва мо асосан бояд дар идораҳои пулиси андоз, назорати молиёт кор кунем, вале пайдо кардани кор дар ин ҷо бисёр душвор аст. Мумкин ман ба сафи қувваҳои мусаллаҳ равам, чун унвони лейтенант дорам, дар он ҷо кор карда метавонам."

Вале Миҷгона, ки риштаи иқтисодро хатм кард, феълан дар ҷустуҷӯи ҷои кор нест:
"Хоҳиши кор кардан надорам, музди кор бисёр кам аст, барои ҳамин худро саргардон намекунам. Хай дар оянда диплом даркор мешавад."

Дар ҳоле, ки донишҷӯён аз камбуди ҷойи кори хуб изҳори нигаронӣ мекунанд, тибқи иттилои вазорати маорифи кишвар сатҳи дониши хатмкунандагони имсола дар муқоиса бо соли гузашта болотар аст ва онҳо ба дараҷаи кофӣ дониш андӯхтаанд.

Вобаста

XS
SM
MD
LG